Хайрулло Афзалов
АФЗÁЛОВ Хайрулло (12.10.1945, деҳаи Пуштаи Зардолуҳои ноҳияи Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ – 10. 02. 2011, Душанбе), доктори илмҳои педагогӣ (1992). Хатмкардаи шуъбаи форсии УДТ (1968). Муаллими мактаби миёна дар шаҳри Душанбе (1968–71), аспиранти Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогикаи умумии Академияи илмҳои педагогии ИҶШС (1971–73), мутарҷим-мушовири шӯравӣ дар Эрон (1973–76), муаллим, мудири кафедра, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1977–98), корманди шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998–2005), директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005–09). Афзалов оид ба масъалаҳои мактаб, маориф ва афкори педагогии бузургони форс-тоҷик таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаи илмист. Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Афзалов Хайрулло | |
Таърихи таваллуд | 10 декабр 1948 (75 сол) |
Зодгоҳ | Балҷувон |
Фазои илмӣ | доктори илмҳои педагогӣ,олим |
Осор
вироиш- Школа и педагогическая мысль в Иране в конце XII–XX вв. Д., 1992;
- Таърихи педагогикаи халқи тоҷик (китоби дарсӣ). Д., 1994;
- Системаи маорифи халқ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ ниҳода. Д., 1998;
- Таърихи педагогикаи тоҷик. Д., 2002; Школа Ирана в 60–70-х годах XX века. Д., 2002.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.