Халили Бухороӣ
Мирак Амириброҳим Халили Бухороӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти «Музаккиру-л-асҳоб» дар мадраса таҳсил кард ва аз ғояти камоли ақлу дониш аз ҳамсолони худ пеш рафта, баробари таҳсил ба тадриси толибилмон низ шуғл дошт. Халили Бухороӣ дар сурудани муаммо, инчунин шарҳу тафсири «Шабистон»-и Фаттоҳии Нишопурӣ табъу салиқаи баланд доштааст. Забони ашъори Халили Бухороӣ содаву равон, ороста бо санъатҳои бадеӣ ва қофияҳои қавӣ мебошад. Намунаҳои осори ӯ дар тазкираи Малеҳо оварда шудаанд.
Ӯ гуфтааст:
Овард дар чаман зи рухи ӯ сабо зиё,
Гул аз ҳиҷоб дод ба боди фано қабо.
Дар иштибқи ту дару девори хонаам,
Овоз медиҳанд туро, эй, биё, биё…
Пайваста зор ноладу гӯяд, туро Халил,
Бори дигар ҷамоли накӯро ба мо намо.
Маҷмӯаи шеърҳо ва 6 девони Халили Бухороӣ ба даст наёмадааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Халили Бухороӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).