Халъи силоҳ
Халъи силоҳ (форсӣ: خلع سلاح), бесилоҳкунӣ, беяроқкунӣ — ба амали коҳиш, маҳдудсозӣ, ё мамнӯъ кардани ҷангафзорҳо гуфта мешавад ва маъмулан ба нерӯи низомии як кишвари хос ё навъе аслиҳаи хос ишора дорад. Ибораи халъи силоҳ барои ишора ба нобуди комили ҷангафзорҳои кушторҷамъӣ монанди ҷангафзорҳои ҳастаӣ ба кор меравад.
Амалан, маҷмӯи тадорукотеро дар бар мегирад, ки дар даъват барои қатъ намудани зиёдсозии воситаҳои пешбурди ҷанг, маҳдудсозӣ, ихтисор ва барҳам додани онҳо ифода меёбад. Яке аз самтҳои асосии сиёсати берунаи давлатҳоро ташкил медиҳад. Яке аз васоити муҳимми нигоҳдории сулҳ, қатъи ҷанг ва таъмини амнияти байналмилалӣ дониста мешавад. Бунёди умумии ҳуқуқии байналмилалии Беяроқкунӣ дар Ойинномаи СММ омадааст, ки мувофиқи он қоидаҳои муайянкунандаи Беяроқкунӣ ва танзими мусаллаҳгардонӣ ҳамчун қоидаи умумии ҳамкорӣ дар кори нигоҳдории сулҳу амният арзёбӣ шудааст. Беяроқкунӣ метавонад амали бисёртарафа ва яктарафа бошад. Дар замони муосир Беяроқкунӣ, асосан, дар самти назорат, маҳдудсозӣ ва ихтисори мусаллаҳгардии ҳастаӣ, мушакҳои стратегии дурпарвоз ва ғ. қавӣ карда шудааст.
Дар Тоҷикистон
вироишҲукумати Тоҷикситон ба хотири таъмини суботи устувор ва амнияти халқу кишвар дар солҳои нооромӣ корро қабл аз ҳама аз халъи силоҳ оғоз карда, бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо муборизаи беамонро ба роҳ монд[1]. Дар амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ Вазорати корҳои дохилӣи Тоҷикиситон нақши равшан гузоштааст[2].
Халъи силоҳ дар Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон аз 2 декабри соли1994 таҳти № 2 «Дар бораи ихтиёран супурдан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуд[3].
Тоҷикистон ба таҳкими раванди халъи силоҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад[4] ва доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кардаст, фаъолона амал менамояд[4].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Кӯлоб. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 5 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Суханронӣ бахшида ба 10-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 5 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Халъи силоҳ. gumruk.tj. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.. 5 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ 4.0 4.1 Суханронӣ дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 5 марти 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Беяроқкунӣ / И. Аҳмадҷонов, Ш. Бадалов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
вироиш- Мамнӯъияти воридот ва истифода аз силоҳҳои ғайринизомӣ дар Тоҷикистон(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian (4 октябри 2013). 5 марти 2021 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |