«Хамсаи Низомӣ» (форсӣ: خمسه نظامی‎) — унвони маҷмӯъаи панҷ манзума, ҳудуди 28 900 байт, мулаққаб ба «Панҷ ганҷ» аз Низомии Ганҷавӣ аст.

Хамсаи Низомӣ
Жанр шеър ва хамса
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Khamsa of Nizami (Walters MS W.613, BL Or. 12208)[d], Khamsa of Nizami, British Library, Or. 2265[d], Khamsa (Baku, M-207)[d], A Khamsah of Nizami for Prince Awrangzeb[d], Khamsa of Nezami, Topkapi Palace Museum[d], Khamsa of Nezami, Topkapi Palace Museum H. 781[d] ва Khamsa (Baku, M-156)[d]
Нависанда Низомии Ганҷавӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
Миниатюра аз дастхатти «Хамса»-и Низомӣ, соли 1494

Манзумаҳо

вироиш

Хамса аз панҷ манзума иборат аст:

  • «Махзану-л-асрор» (форсӣ: مخزن الاسرار‎) — дар соли 1163 (1176) эҷод шудааст;
  • «Хусрав ва Ширин» (форсӣ: خسرو و شیرین‎) — дар давоми 16 соли қамарӣ 1175/1176 и 1191 эҷод шудааст;
  • «Лайлӣ ва Маҷнун» (форсӣ: لیلی و مجنون‎) — соли 1188 эҷод шудааст;
  • «Ҳафт пайкар» (форсӣ: هفت پیکر‎) — соли 1197 эҷод шудааст;
  • «Искандарнома» (форсӣ: اسکندرنامه‎) — дар фосилаи солҳои 1194 ва 1202 эҷод шудааст.

Махзану-л-асрор

вироиш

Маснавии аввалини «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ «Махзану-л-асрор» достони ахлоқии фалсафист, ки обуранги суфиёна до­рад. Низомии Ганҷавӣ ин достонро ҳамчун назира ба маснавии «Ҳадиқату-л-ҳақиқа»-и Саноӣ гуфтааст. Вале Низомии Ганҷавӣ қолаби маъмулии назиранависиро шикаста, маснавии худро дар баҳри нав — сареъ навишт (маснавии Са­ноӣ дар баҳри ҳафиф иншо шудааст),  ки пас аз ӯ ин вазн дар достоннависӣ маъмул гардид. Шоир равиши тоза ва мазмуни нави ин асарро дар аввали маснавӣ махсусан таъкид мекунад. «Махзану-л-асрор» аз муқаддимаи муфассал ва 20 мақола иборат буда, масъалаҳои муҳимми иҷятимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиро дарбар мегирад.

Барои исботи фикр, баёни мақсад зимни ҳар як боб Низомии Ганҷавӣ ҳикоятҳо овардааст, ки гарчанде аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа аз анъа наҳои замони феодалӣ орӣ нестанд, ба ҳимояи ҳуқуқи аҳли меҳнат ва бар зидди зулми золимон равона шудаапд. Дар ин маснавӣ Низомии Ганҷавӣ баръакси шоирони дарбор, ки дар асарҳояшон калимаву ибораҳои вазнину камистеъмолро истифода мебурданд, ба забони серобуранг ва мақолу масалҳои халқӣ рӯ овардааст.

Хусрав ва Ширин

вироиш

Маснавии «Хусрав ва Ширин» асари романтики буда, аз ишқи Хусрави шоҳзода ва Ширини соҳибҷамол ҳикоят мекунад. Ин дос­тон ба номи Шамсуддин Муҳаммад Чаҳонпаҳлавон Илдигиз — ҳукмрони Ганҷа (1174—1186) назм шудааст. Аммо дар хотимаи достон номи Туғрул ибни Арслон (1177—1194) ва номи Қи­зил Арслон (1185—1191) — ҳукмронони салчуқӣ низ ёдоварӣ мешавад. Шоир ин достонро чандин бор таҳрир ва такмил кардааст. Сюжети «Хусраву Ширин» дар китобҳои «Ал-маҳосин в-ал-аздод»-и Ҷоҳиз, «Шоҳнома»-и Саолибӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нақл ёфтааст. Ин қисса дар замони Низомии Ганҷавӣ дар фолклори халқҳои Эрону Озарбонҷон низ интишор ёфта буд. Ин достон, ки аз 6500 байт иборат аст, ба се қисм тақсим мешавад:

  • Муқаддимаи анъанавӣ, ки бобҳои дар ҳамди худову наъти пайғамбар, ёдоварии султоне, ки достон ба ӯ бахшида шудааст ва сабаби назми дос­тонро дарбар мегирад.
  • Қиссаи муошақати Хусраву Ширин ва воқеаҳои сиёсию иҷтимоие, ки ба Хис­рав алоқаманд аст.
  • Хотима. Дар ин қисм бобҳое дохил шудаанд, ки хусусияти пандуахлоқӣ ва ҳасбиҳолӣ доранд.

Инчунин пеши подшоҳе, ки китоб ба ӯ бахишда шудааст, Низомии Ганҷавӣ арзу ниёзи худро мебарад. Баъзе бобҳои «Хотима» ,аз масъалаҳои динии фалсафӣ баҳс мекунанд. Қаҳрамонони асосии достон Хусрав, Ширин ва Фарҳод мебошанд. Хусрав ҷавони солиму хубрӯй бошад ҳам, рафтори ношоиста зоҳир менамояд; ӯ дар ҷавонӣ ҳангоми саёҳат ба айшу нӯш дода шуда, бо рикобиёнаш киштзори деҳқонеро хароб карда, аз падараш Хурмуз ҷазо дид; ӯ аз уҳдаи давлатдорӣ ҳам набаромад; ба муқобили исёнгарон бо сарварии Баҳроми Чӯбина истодагарӣ карда натавонист, кишварро тарк гуфт, ба ишқбозӣ машғул шуд; ба фармони Ширин эътибор надод, ба назди қайсари Рум рафт, бо шарти ба духтари ӯ хонадор шудан аз вай лашкар ва ёрии моддӣ гирифт; бо қувваи румиён дубора ба тахт нишаст, аз ҷиҳати маънавӣ ба давлатӣ бегона тобеъ гардид. Хусрав дар роҳи ишқ ҳам устувор нест: ӯ ошиқи Ширин буда, аммо ба духта­ри қайсари Рум Марям хонадор шуд; ҳамчунин дар Исфаҳон бо Шакар ном духтаре ишқварзиҳо кард. Хусрав дар назди ошиқи ҳақиқӣ Фарҳод оҷизу нотавон аст.

Ӯ Фарҳодро бо роҳи хиёнат мекушад. Хусрав мағрури сурати зебои худ буда, манфиатҳои шахсиашро аз манфиатҳои халқ ва мамлакат авло медонад. Дар характери ӯ ғуруру худписандӣ чизи асосист. Ширин дар баъзе асарҳои таърихӣ ва ривоятҳои пеш аз Низомии Ганҷавӣ офаридашуда каниз, аммо дар достони Низомии Ганҷавӣ шоҳдухтар тасвир шудааст. Образи Ширин дар достон мавқеи асосӣ дорад. Ши­рин ҳам духтари зебову оқила, ҳам подшоҳи росткору одил мебошад. Ширин дили соф дорад, ғарқи ҳиссиёти аввал ба Хусрав дил баста, оқибат фиреб мехӯрад. Низомии Ганҷавии дар ин достон тавассути образи Ширин муаммои мураккаби ишқфо ба миён гузоштааст. Ширин ошиқи ҳақиқист. Ӯ дар дил як ишқ мепарварад. Аз ин рӯ муҳаббати самимонаи Фарҳоди ҷонфидоро рад менамояд. Ширин барии ошиқон дар зиндагӣ шахсеро дӯст дошта, аммо ба муҳаббаташон ҷавоби сазовор намегиранд ва як умр бо хаёли ишқи аввали худ умр ба cap мебаранд. Низомии Ганҷавӣ ошиқи содиқу ғамхорро дар образи Фарҳод таҷассум кардааст. Барои Фарҳод ба ҷуз ишқи пок, дигар чизи қимате нест. Ӯ ҳамаро, ҳатто ҷони ширини худро дар роҳи ишқ қурбон меку­над. Фарҳод тимсоли фидокори, меҳнатдӯстӣ ва қаҳрамонист.

Низомии Ганҷавӣ ба воситаи образи Фарҳод таъкид месозад, ки ин гуна мардони ростдилу фидокор дар шароити нобаробариҳои иҷтимоии ҷамъияти феодалӣ ба мақсади худ расида натавониста, аз дунё нокому бемурод чашм мепӯшанд. Дар достони «Хусрав ва Ши­рин» маҳорати суханварии Низомии Ганҷавӣ ба дараҷаи баланд расидааст. Ин дос­тон аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонист.

Лайлӣ ва Маҷнун

вироиш

Маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» яке аз достонҳои шурангези Низомии Ганҷавӣ мебошад. Он 4700 байт дорад. Сю­жети аслии достон аз фолклор ва адабиёти бадеии араб омадааст. Олимон — Ибни Надим, Ибни Қутайба, Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар асарҳои худ дар бораи қиссаи «Лайлӣ ва Маҷнун» маълумот додаанд. Аксари муаррихон ва фолклоршиносони араб қаҳрамонони асосии достон Қайс ва Лайлиро шахсони таърихӣ донистаанд. Қиссаи арабии «Лайлӣ ва Маҷнун» вариантҳои бисёре дош­та, баъди истилои араб дар Эрону Осиёи Миёна паҳн шуд. Рӯдакӣ, Ро­биаи Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён ва дигарон шоирон ба ин қисса ишораҳо карданд.

Дар адабиёти форс-тоҷик ин сюжетро бори аввал Низомии Ганҷавӣ ба шакли достон мураттаб сохт. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ҳам аз қисми муқаддимаи анъанавӣ, сюжети асо­сӣ ва хотима иборат аст. Қисми асо­сии достон саргузашти пуразоб ва ишқи поку бебарори ду ҷавонро дарбар мегирад, ки дар шароити ҳаёти қабилавӣ ва қонуну қоидаҳои он гирифтори фоҷиаи сахте шудаанд. Қайс тадриҷаи аз сохти ҷамъиятии барояш номусоид ба танг омада, худро ба девонагӣ мезанад, бо ҷонварон унс мегирад, ниҳоят дар ёди Лайлӣ ҷон медиҳад. Лайлӣ ҳам олиҳаи ишқи пок буда, дар фоҷиаи ишқ ҳалоқ мешавад. низомии Ганҷавӣ дар «Лайлӣ ва Маҷнун» ба ҷуз тараннуми муҳаббати пок, боз оид ба тарбияи фарзанд фикрҳои муҳимми пандуахлоқӣ низ баён кардааст.

Шоир дар масъалаи тарбияи фарзанд се гурӯҳи падару модаронро нишон медиҳад: падару модари Қайс дар боби тарбияи фарзанд ҷиддӣ нестанд, пе­ши роҳи ӯро гирифта наметавонанд. Чунин беэҳтиётӣ дар тарбияи фар­занд оқибати нохуш меоварад. Гу­рӯҳи дигар — падару модари Лайлӣ, баръакс, ба ҳама талаботу дархостҳои маънавии фарзанд эътибор намедиҳанд, аз андозаи берун сахтгиранд. Падари сеюм худи Низомии Ганҷавӣ аст, ки бо панду насиҳатҳои хирадмандона фарзандашро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Инчунин таҳлили масъалаҳои худбинӣ, гараздорӣ, аз як тараф, инсонпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз тарафи дигар, дар достон мавқеи муҳим доранд. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» бо маҳорати баланди суханварӣ навишта шудааст.

Тасвири ҳиссиёти ботинӣ ва ҳаяҷони руҳии қахрамонон дар достон парвози баланд дорад, Алалхусус, тасвири поёни умри Лайлӣ ва васияти ӯ ба модар бисёр ҷонгудоз аст.

Ҳафт пайкар

вироиш

Маснавии чаҳоруми Низомии Ганҷавӣ «Ҳафт пайкар» мебошад, ки дар сарчашмаҳои адабӣ бо номи «Баҳромнома» ва «Ҳафт гунбад» низ ёд мешавад. Сю­жети «Ҳафт пайкар» аз қиссаҳои давраи сосонист, ки онро пеш аз Низомии Ганҷавӣ. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба назм дароварда буд. Низомии Ганҷавӣ онро аз нав таҳриру такмил карда, бо равиши то­за эҷод намуд. Достони «Ҳафг пайкар» нид аз муқаддимаи анъанавӣ, сюжети асосӣ ва хотима иборат ме­бошад. Образи марказии достон Баҳроми Гӯр аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Баҳроми Гӯр шахси таъ­рихӣ буда, вале дар асари Низомии Ганҷавӣ ба образи ҷомеъ табдил ёфтааст. Низомии Ганҷавӣ ба сюжети достон қиссаи ҳафт гунбадро дохил карда, саргузашти Баҳроми таърихиро хеле тайғир медиҳад. Баҳром аз хурдӣ ҳамчун шоҳзода хуб тарбия дида, соҳиби илму ҳунар мешавад.

Баъди вафоти падари золимаш халқ подшоҳии Баҳромро намехоҳад. Баҳром аввал кирдори ношоистаи падарро маҳкум кар­да, ваъда дод, ки роҳи ӯро давом намодиҳад. Сипас, аз байни ду шер тоҷи шоҳиро рабуда, ба тахти подшоҳӣ баромад; бо адлу дод мамлакатро обод кард, мардумро дар хушксолӣ аз марг наҷот дод. Вале баъди ин ба шикор ва айшу нӯш машғул шуда, зимами давлатро ба дасти вазираш дод; вазир роҳи зулмро пеш гирифта, кишварро хароб кард. Баҳром баъд аз ҳикояти тамсилии чӯпоне аз хиёнати вазир пай бурда, ӯро ба ҷазо расонд, ба мардум озодӣ бахшид. Низомии Ганҷавӣ дар симои Баҳром образи идеалии шоҳи одилро офаридааст. Низомии Ганҷавӣ касрҳои ҳафт гунбадро созонда, духтарони подшоҳи ҳафт иқлимро дар он ҷо нишонда, ба ҳамин роли якподшоҳӣ ва дӯстии халқҳоро талқин менамояд. Дар ранг ва тартиби ҳафт гунбад ақоиди мутараққии Низомии Ганҷавӣ, донишҳои аст­рономии ӯ ифода ёфтааст.

Ранги гунбадҳо аз мушкин (сиёҳ) оғоз ёфта, бо ранги кофурӣ (сафед) анҷом меёбад, ки ин ҳама мақоли «поёни шаби сиёҳ сафед аст»-ро инъикос менамояд. Тартиби рӯзҳо дар ҳафт гунбад аз рӯзи ҳафтаи мусулмонӣ (шанбе) ибтидо шуда, бо рӯзи ҷумъа ба итмом мерасад. Гунбадҳо номи ҳафт сайёраро доранд. Маснавии «Ҳафт пайкар» бисёр равону мавзун сохта шудааст. Дар достон характери қахрамонон дар харакату инкишоф тасвир меёбад, ки ин хусусан дар образи Баҳром зоҳир шудааст. Низомии Ганҷавӣ ҳамчун дигар асарҳояш дар «Ҳафт пайкар» низ ахлоқи замона — фиреб, хирс ва макрро маҳкум мекунад.

Искандарнома

вироиш

Охирин ва муҳимтарин маснавии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ дос­тони «Искандарнома» аст.

Қиссаҳое дар бораи Искандар дар давраҳои пеш аз милод ба вуҷуд омада, ба воситаи аскарон ва савдогарони юнонӣ паҳн мегардиданд. Низомии Ганҷавӣ вариантҳои гуногуни қиссаи Искандарро ҷамъ оварда, кӯшиш кардааст, ки асари мукаммале ба вуҷуд орад. «Искандарнома» дорои 10500 байт буда, аз муқаддима, сюжети асосӣ ва хотима иборат мебошад. Низомии Ганҷавӣ дар муқаддима ба хонандагон муроҷиат ме­кунад, ки ба мазмуни бои достон диққат диҳанд, зеро ӯ ҳамаи дониш ва таҷрибаи гаронбаҳои зиндагии худ ва достонҳои дигарашро дар ин асар ҷамъбаст намудааст. Қаҳрамони ягона ва таърихии достон Искандари Мақдунӣ мебошад. Вале азбаски Низомии Ганҷавӣ симои Искандарро ба таври нав додан мехост, аз Искандари таърихии истилогар. ғоратгар ва хунрез чашм пӯшида, образи Искандарро аа назари худ офаридааст.

Шоир дар достон ба тарбияи Искандар махсусан диққат модиҳад, ӯро аз санҷишҳои бисёро мегузаронад, ба воситаи образи Арасту, ки ҳамдами ӯст, идеалҳои олии мамлакатдориро баён менамояд.Низомии Ганҷавӣ ҷаҳонеро орзу мекард, ки он як ҳукумат ва мисли Искандар як подшоҳи оқилу одил дошта бошад. Образи Искандар дар инки­шоф тасвир шудааст. Искандар тадриҷан аз подшоҳ ба шахси ҳаким ва хирадманд мубаддал мешавад. «Хам­са» Низомии Ганҷавӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

Назираҳои «Хамса»

вироиш

Зиёда аз ҳафт қарн аст, ки шакли аҷоиб, тасвирҳои барҷаста, забони фасеҳ ва ғояҳои наҷиби достонҳои Низомии Ганҷавӣ суханварони Шарқро ба шавқ меорад. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба инкишофи назми Шарқ таъсири бузург бахшидааст. Аз асри 13 инҷониб ба достонҳои Низомии Ганҷавӣ ҷавобу назираҳои бисёре ба майдон омадаанд. Ба «Махзану-л-асрор» дар забони форсӣ 42, ба «Хусрав ва Ширин» дар забонҳои форсӣ, узбакӣ, озарӣ, туркӣ 42, ба «Лайлӣ ва Маҷнун» дар забонҳои форсӣ, узбакӣ, туркманӣ, озарӣ, туркӣ ва курдӣ 40 назира ба вуҷуд омадааст. Дар байни назираҳо ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ «Хамса»-ҳои Хусрави Деҳлавӣ, Алишери Навоӣ ва «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ мавқеи асосӣ доранд.