Хасинто Бенавенте-и-Мартинес

Хасинто Бенавенте-и-Мартинес (испанӣ: Jacinto Benavente Martínez; 12 август 1866[1][2][3][…], Мадрид[6]14 июл 1954[4][1][5][…], Мадрид) — драматурги испониёӣ.

Хасинто Бенавенте-и-Мартинес
исп. Jacinto Benavente
Таърихи таваллуд: 12 август 1866(1866-08-12)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 14 июл 1954(1954-07-14)[4][1][5][…] (87 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: намоишноманавис, рӯзноманигор, нависанда, сиёсатмадор, шоир, коргардони филм, вакил
Жанр: намоишпардозӣ[d] ва Театр
Забони осор: испониёӣ[4][8]
Ҷоизаҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таълифот

вироиш

Зиёда аз 150 пйеса дар жанрҳои гуногун: маишӣ, психологӣ, ахлоқӣ-фалсафӣ, рамзӣ ва ғайра офаридааст. Дар баъзе асар­ҳояш («Шахсони маъруф», 1896; «Ғизои ҳайвоноти ваҳшӣ», 1898) нисбат ба ашрофияи ҷамъияти буржуазӣ назари манфӣ, мазамматкунанда дорад, вале дар баробари ин Бенавенте-и-Мартинес нисбат ба халқ маъюсо­на сухан мегӯяд, қобилияту фаъо­лияти онро инкор менамояд. Дар пйесаҳои беҳтаринаш — мазҳакаҳои «Манфиатҷӯйҳо» (1907) ва идомаи он «Шаҳри хушҳолу фориғбол» (1916), ки ба танқиди тамаъкории табақаи буржуазия нигаронда шудаанд, бо тарғиби такомули ахлоқӣ иктифо намудааст. Пйесаҳои дар мавзӯъҳои ахлоқӣ-фалсафӣ нигоштаи ӯ «Кадбону» (1908), «Бадбахт» (1913) ҳамин гуна хусусиятро дороянд. Солҳои 40-50 садаи XX бештар мазҳакаҳои дилхушкунанда эҷод намудааст. Дар соҳаи адабиёт сазовори Мукофоти Нобел гаштааст (1922).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Discogs (ингл.) — 2000.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. 4.0 4.1 4.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. 5.0 5.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  6. 6.0 6.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118655280 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  7. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.
  8. CONOR.Sl

Сарчашма

вироиш