Хатлон (рӯзнома)
«Хатлон» — ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ ба забони тоҷикӣ мебошад.
Соли таъсисёбӣ: 1931. Номҳои қаблӣ: "Зарбдори сохтмони Вахш", "Ҳақиқати Кӯлоб", "Роҳи ленинӣ", "Ифтихори Вахш", "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа", "Навиди Вахш", "Ҳақиқати Хатлон".
Муассис ва ношир - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аст.
Сармуҳаррир – Носирҷон Маъмурзода
Мавзӯъҳои рӯзнома – шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва вилояти Хатлон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии вилояти Хатлон мебошад.
Рӯзнома ба андозаи А-2 дар 4-8 саҳифа ба забони тоҷикӣ, дар як ҳафта 2 маротиба: рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа, бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха нашр мешавад. Нишонӣ: вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12.
Web: www.khatlon-ruznoma.tj
Имейл: khatlon.tj@mail.ru.
Телефонҳо: (+992 83222) 2-88-17, 2-47-14, 2-89-16
Таърих
вироишРӮЗНОМАИ “ХАТЛОН” ДАР МАСИРИ 90 СОЛИ ДУ АСР
Имсол аз замони таъсиси аввалин нашрияи чопии Хатлонзамин – “Зарбдори сохтмони Вахш” (1931), имрӯза рӯзномаи “Хатлон”, 90 сол сипарӣ гардид. Наздик ба як аср боз ин рӯзнома бо хидмати содиқона дар иттилоотонии мардум, маҳви бесаводӣ, ташаккули афкори омма, муаррифӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ саҳми шоиста гузошта меояд.
Таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон, ки аз ин рӯзнома ибтидо мегирад, агарчи ба як садсола наздик аст, вобаста ба таҳаввулоти замон, барномаҳои давлатӣ, сиёсати ҳукумат, тағйирёбии афзалиятҳо, рушди технология, афзоиши инструментҳои нигориш ва касбияти хабарнигорон мавзӯю мундариҷа, ҳолат ва марҳилаҳои инкишофи он низ гуногун будааст. Бо гузашти солҳо, пешрафти арсаҳои кишоварзию саноат, обёрии водиҳо, мавзӯъ ва муҳтавои матолиби рӯзномаи “Хатлон” тағйир меёфт.
Нашрияҳои “Зарбдори сохтмони Вахш” ва “Ударник Вахшстроя” дар солҳои 30-юми асри гузашта масъалаҳои давлатӣ, сохтори нави ҷамъиятӣ, тарбияи насли ҷадид, меҳнатдӯстӣ, фарҳангу маорифпарвариро васеъ инъикос мекарданд. Ин нашрияҳо боз аз ду ҷиҳат дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор доштанд:
1. Ҳанӯз дар охирҳои солҳои 20-ум водии Вахши Тоҷикистон чун макони парвариши пахтаи пурқимати мисрӣ эътироф гардида, солҳои 30-юм манбаи асосии пахтаи маҳиннах таъйин шуд. Аммо дар миёнаи солҳои 30-юм аҳолӣ дар навоҳии пахтакори минтақа бисёр кам буд (барои мисол, дар ноҳияи Панҷ, мувофиқи нишондоди оморӣ 7,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд). Бинобар ин, фавҷи муҳоҷирати бунёдкорию ободонӣ ба ин сарзамин зарурат пайдо кард. Дар пешрафти ҳаёти хоҷагию мадании минтақа ва тарбияи маънавии меҳнаткашон, ташвиқи бештарин онҳо ба кори пахтапарварӣ саҳми нашрияҳо бағоят назаррас буд.
2. Дар солҳои 30-юм водии Вахш ба яке аз минтақаҳои муҳимми ҷумҳурӣ табдил ёфта буд. Дар баробари азхудкунии Вахш ва сохтмони канали Вахш, инчунин Саройкамар яке аз минтақаҳои мубориза бар зидди босмачигарӣ будаву дар ин диёр ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX аскарони Русияи подшоҳӣ мустақар буданд. Бинобар ин, ба таъсиси нашрияҳои маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳамчун аслиҳаи бузурги идеологии ҳокимият иқдом карда шуд ва рӯзномаҳои тозанашр бояд муборизаҳои синфиро таҳким бахшида, дар ривоҷи маърифати маънавии мардум, сафарбарии омма ба амалиёти мақсаднок, коллективонӣ ва таҳкими инқилоби маданӣ дар маҳалҳо саҳм мегузоштанд.
Дар давраи панҷсолаи дуюм ва сеюм дар рӯзномаҳои вилоятӣ мавзӯъҳои азхудкунии техникаи нав, мубориза барои маданияти баланди истеҳсолот, тарбия намудан ва ба камол расонидани кадрҳои миллӣ афзалият доштанд.
Рӯзномаҳои минтақавии Қӯрғонтеппаю Кӯлоб то аввалҳои соли 1941 бо ҳуруфи лотинӣ дар ҳаҷми чор саҳифа нашр мегардиданд. «Ҳақиқати Кӯлоб» таҷрибаи пешқадамони истеҳсолотро дар шакли ахбор, очерк, ҳикоя мусоҳиба ва ғайра дарҷ намуда, барои паҳн кардани онҳо мекӯшид. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳар як муваффақияти бадастовардаи вилоят ба чашми душманони халқ хор барин мехалид. Барои пеши роҳи инро гирифтан онҳо ҳамаи воситаю роҳҳоро истифода мебурданд, то ки ба меҳнати эҷодкоронаи халқ халал расонанд, онҳоро аз роҳи пешгирифтаашон гардонанд. Комёбиҳои бузурги панҷсолаҳои якуму дуюм ба унсурони ба сохти нав бегона намефорид. Онҳо, ки обрӯ ва эътибори худро дар байни халқ бакуллӣ гум карда буданд, ба вайронкорӣ даст мезаданд. Бо ҳар роҳ ба идораю муассисаҳо, аз он ҷумла ба органҳои адлия дохил шуда, ҷинояткорӣ мекарданд. Дар ҳама гуна вазъият мухбирони фаъол ҳамчун гӯшу чашми халқ вазифаҳои худро намунавор иҷро менамуданд. Душманонро дар ҳама ҷо ва дар ҳар либосе, ки буданд, бо ёрии фаъолони шаҳру деҳа ошкор сохта, бо қалами оташинашон хиёнат ва ҷиноятҳои онҳоро дар саҳифаҳои рӯзнома фош мекарданд.
Ибтидои солҳои 40-ум рӯзномаҳои вилоятӣ роҷеъ ба ҳарбузарби кории меҳнаткашон, хоса занон дар ақибгоҳ, кумаки онҳо ба ҷанговарони зери дуду оташи фронт ҷангидаистода, инъикоси ҷараёни кори деҳот, пеш бурдани истеҳсолот ва ғайра таълифоти хонданибоб ба табъ мерасониданд.
Бо вуҷуди норасоии коғаз ва дигар мушкилоти чоп, рӯзномаҳои маҳаллии Хатлон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мардумро бар муқобили истилогарони фашистӣ таҳрик дода, матолиби даъваткунанда ба ҳифзи марзу буми Ватан, сарнагунии душманони сохти сотсиалистии Иттифоқи Шӯравӣ нашр мекарданд. Рӯзномаҳо шиори умумихалқии «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!»-ро сармашқи кори худ карда буданд ва ташвиқ мекарданд, ки мардум барои қонеъсозии ниёзмандиҳои фронт, ба пурра кардани сафи сарбозони артиши Шӯравӣ мусоидат намоянд.
Азбаски дар солҳои 40-уми асри ХХ бисёре аз деҳаҳои вилояти Хатлон бо неруи барқ таъмин набуданд ва амвоҷи радио дастрас набуд, матбуоти чопӣ ягона воситаи ахбори омма ва тарғибот маҳсуб меёфт. Нашрияҳоро аз марказҳо ба деҳот хаткашонҳо ба воситаи аспу маркабҳо кашонида, ба аҳолӣ дастрас мекарданд. Бар замми ин, аз ғалабаи инқилоби октябр ҳамагӣ 20-25 сол гузашта буд ва қисмати зиёди мардуми рустонишин саводи хондану навиштанро надоштанд. Бинобар ин, ҳокимияти маҳалҳо аз ҳисоби зиёиён, асосан муаллимон ва комсомолони саводнок агитаторҳо, яъне ташвиқоту тарғиботчиёнро тайёр мекарданд. Ҳамин нафарон рӯзномаву маҷаллаҳоро бо худ гирифта, ба чойхонаҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва хирманҳо
Ҳамин тавр, сухани матбуот дар миёни мардуми дар ақибгоҳбуда таъсирбахш буд. Мардум дар маҳалҳо аз хондан ё шунидани хабари хуше аз фронт рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои хӯронидан ва пӯшонидани армия дучанд меҳнат мекарданд.
Дар айни идомаи ҶБВ, якуми майи соли 1944 дар вилояти Қӯрғонтеппа газета бо номи «Пахтакори сурх» ташкил дода шуда, он то 10 феврали соли 1947-ум ба нашр мерасид. Дар ин муддати кӯтоҳ 253 шумораи рӯзнома аз чоп баромад. «Пахтакори сурх» дар муддати кӯтоҳи мавҷудияти худ қаҳрамониҳои бемисли фарзандони вилоятро дар фронт ва ақибгоҳ ба таври барҷаста инъикос намуда, онҳоро ба ғалабаҳои нав ба нави ҷангиву меҳнатӣ сафарбар мекард.
Қобили зикр аст, ки журналистони соҳибноми тоҷик, ходимони собиқадори нашрияҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» дар солҳои душвори ҷанг ба муқобили душман ҳам бо қалам ва ҳам бо силоҳ меҷангиданд. Ходимони нашрияи вилоятӣ Абдулло Муродов, Аскаралӣ Набиев, Насриддин Мирзоев, Абдурашид Юсуфӣ ва чандин нафари дигар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, марзу буми Иттифоқи Шӯравиро ҳифз намудаанд. Журналист Облоқул Ҳақбердиев бошад, дар яке аз муҳорибаҳо ба муқобили фашистон қаҳрамонона ҳалок гардид.
Бо анҷом ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди матбуоти даврии Тоҷикистон вазифаҳои нав гузошта шуд, ки инъикоси густурдаи ҷараёни иҷрои дурнамоҳои панҷсола дар бахши хоҷагии халқ яке аз онҳо буд. Маҷаллаи КМ ПК (б) Тоҷикистон “Болшевики Тоҷикистон” дар сармақолаи шумораи №8 (41), аз августи соли 1948, таҳти сарлавҳаи “Вазифаҳои муҳимми газетаҳои вилоятӣ” фаъолияти рӯзномаҳои вилоятии Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, гарави бомуваффақият ҳал намудани ҳамаи вазифаҳои бузурги давлат, аз он ҷумла истеҳсоли 300 ҳазор тонна пахта, рушди саноат ва индустрия, баланд бардоштани ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар “уҳдадориҳои сотсиалистӣ”-ро дар дуруст ба роҳ мондани кори идеологии ҳизб ва матбуоти маҳаллии болшевикӣ донистааст.
Маҷаллаи ҳизбӣ ба зарурати ба ҳаёт наздиктар шудани рӯзномаҳо ва парҳез намудани онҳо аз мунозираҳои хушку холӣ ва “хархашаҳои бемаънӣ” таъкид карда, бозтоб ва ташвиқи ин ки чӣ тавр коргарон, деҳқонони колхозӣ, интеллигентсияи шӯравӣ ҷамъияти нави сотсиалистӣ бунёд карда истодаанд, “вазифаи бузург”-и газетаҳо мехонад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самт ва мавзӯъҳои афзалиятноки муайяншуда барои нашрияҳои вилоятӣ дар солҳои 40-50-уми асри ХХ аз ин қарор буданд:
- мубориза ба муқобили урфу одатҳои “феодалӣ-бойӣ”;
- пропагандаи зиддидинӣ;
- инъикос ва ташвиқи ҳаёти мактабҳо, муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ, тарғиби китобҳои нав;
- танқид намудани камбудиҳои коркунони районӣ ва вилоятӣ;
- мусоидат кардан ба сафарбарии оммаҳои колхозӣ ба саҳроҳои пахта.
Дар солҳои 1950-1955 дар водии Вахш корҳои гузаштан ба системаи нави обёрӣ хеле вусъат пайдо кард. Баъди ба охир расидани сохтмони системаи ирригатсионии Вахш масоҳати заминҳои киштбоб ба зиёда аз 70 ҳазор гектар расид, ки дар 27 ҳазор гектари он пахта парвариш меёфт. Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта навбати дуюми корам намудани заминҳои бекорхобидаи водӣ, таҷдиди канали магистралии Вахш, сохтмони канали магистралии Ёвону Обикиик анҷом дода шуда, дар натиҷа даҳҳо ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Дар солҳои 60-ум системаи обёрии Вахш зиёда аз 100 ҳазор гектарро шодоб менамуд. Дар панҷсолаи ҳаштум инкишофи босуръати корхонаҳои калони саноатӣ ба амал омад. Дар ҷумҳурӣ 114 корхонаи бузурги саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Нахустин корхонаи бузургтарини кимиёвии тоҷик - заводи азотии Вахш, навбати якуми ТЭС-и Ёвон ба кор оғоз намуданд, бунёди неругоҳи азими барқи обии “Норак” ифтитоҳ ёфт. Ин сохтмон дар қатори муҳимтарин сохтмонҳои умумииттифоқӣ ва зарбдор эълон карда шуд.
Аз рӯзҳои аввали бунёди НБО “Норак” ва дигар корхонаҳои азими истеҳсолии манотиқи ҷанубии Тоҷикистон тамоми журналистон ва ВАО мунтазам аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳои пураҳамияти ҷумҳурӣ маводҳо таҳия мекарданд. Нашрияҳои фаъоли вилояти Хатлон моҳи майи соли 1968 аз ҷорӣ шудани оби рӯди Вахш тариқи нақби бисёркилометра ба водии ташналаби Ёвон муждагонӣ доданд. Хабари бакорандозии аввалин агрегати НБО “Норак” рӯзи 15 ноябри соли 1972 низ дар сархатти хабарҳои на танҳо тамоми ВАО-и маҳаллӣ, балки умумииттифоқӣ қарор гирифт.
Ҳамин тавр, дар солҳои 60-70-ум инъикоси ҷараёни сохтмонҳои бузург, таҳкими ғояҳои сотсиалистӣ ва коммунизм, дӯстии халқҳо ва тарбияи интернатсионалӣ ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии матбуоти чопии вилоятӣ табдил ёфта буд. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ рубрикаҳои наве бо номи “Дар оилаи воҳид”, “Қувваи мо дар дӯстист”, “Ваҳдати пойбарҷо”, “Меҳнати зарбдор”, “Водии тилоӣ” ва ғайра пайдо гардиданд.
Рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» то соли 1975 бо номи «Ҳақиқати Кӯлоб» нашр мегардид. Соли 1974, ки соли таҷлили 50-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, барои меҳнаткашони вилояти Кӯлоб соли шодию хурсандӣ, соли зафарҳои нав гардид. Дар ин сол вилояти Кӯлоб аз нав барқарор шуд. Рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» мавҷудияти худро то якуми январи соли 1976 идома дод. Аз якуми январи ҳамон сол рӯзнома тағйири ном кард ва бо номи «Роҳи ленинӣ» (муҳаррираш Қувваталӣ Холов) вориди майдони матбуоти тоҷик шуд. Он ҳар ҳафта панҷ маротиба дар ҳаҷми чор саҳифа, бо теъдоди 32 ҳазор нусха аз чоп баромада, дастраси хонандагон мегардид.
Қувваҳои эҷодии рӯзномаи вилоятӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи журналистика мустаҳкам мегардид. Мирзо Қосимов, Зуҳур Гадоев, Саидаброр Умаров, С. Муродалиев, Мирзо Сироҷов, Раҷабалӣ Назаров, Мирзо Фирӯзов, Абдураҳмон Толибов, Ашӯр Иброҳимов, Моҳитобон Шарифова, Адолат Амирова, Файзулло Убайдуллоев, Масамӣ Абдураҳмонов аз ҷумлаи журналистоне буданд, ки ҳаётро бештар омӯхта, услубҳои нави навиштаҷотро мунтазам ҷустуҷӯ намуда, мақолаҳои публитсистӣ, очерку лавҳаҳо ва репортажҳои пурмазмуну таъсирбахш менавиштанд.
Соли 1978 масъалаи ташкили рӯзномаи вилоятӣ дар Қӯрғонтеппа низ ба миён омад. Қарор шуд, ки рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»-ро баста, ҳайати эҷодии он пурра ба рӯзномаи вилоятии навтаъсис ба кор мегузаранд. Дар пленуми Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят Муқим Абдураҳмонов муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» таъйин карда шуд ва аъзои кумита ӯро дар ин мақом тасдиқ намуданд.
Шумораи якуми ин нашрия 1 январи соли 1979 дар ҳаҷми 4 саҳифа, ба андозаи А2 (формати имрӯзаи «Хатлон» ва «Ҷумҳурият»), бо теъдоди қариб 28 ҳазор нусха дар чопхонаи шаҳри Душанбе ба нашр расид. Тафсилоти бештар оид ба шумораҳои нахустини ин рӯзнома ва замону шароити ташкили он, ҳайати эҷодӣ ва мушкилоти фаровони корӣ, ки он рӯзҳо дар миён буд, дар маҷмӯаи “Чеҳраи Хатлон” (мураттиб ва муҳаррир Н. Маъмурзода, чопи Душанбе: нашриёти “Русская литература”, 2013. – 566 саҳ.) аз ҷониби кормандони собиқу имрӯза ба қалам дода шудааст.
Муқим Абдураҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (1978-1992), дар мусоҳибае вазифаҳои дар пеши матбуоти вилояти Хатлон дар солҳои 80-уми асри гузашта гузошташуда чунин ёдовар гардидааст: «Вилоят навбунёд ва ташаббускор буд. Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравӣ ва навоварӣ ҳис карда мешуд. Ободкорию созандагӣ авҷ мегирифт. Вилоят ғолиби чандинкаратаи мусобиқаи умумииттифоқӣ гардид… Табиист, ки дар чунин муҳити созандагиву бунёдкорӣ, ҷӯяндагиву ташаббускорӣ ва навоварӣ мо, рӯзноманигорон, низ дар канор буда наметавонистем. Мо ҳам тарзу усули нав ба нави эҷодиро ба кор бурда, меҳнати пурбаракати аҳли заҳматро инъикос менамудем. Ташкили суҳбатҳо дар атрофи «мизи мудаввар», тарғиби таҷрибаи пешқадамон, танқиди ошкорои камбудию нуқсонҳо, сарпарастӣ ба ҷомеаҳои ақибмондаи меҳнатӣ ва ғайра аз ҷумлаи воситаҳои муҳими таъсиррасонӣ ба ҷараёни пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят ба ҳисоб мерафт”.
Дар солҳои 80-ум журналистикаи тоҷик аз ҷиҳати касбӣ пешрафти назаррасе дошт, аз ҷумла нашрияҳои вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Роҳи ленинӣ» соҳиби мактабҳои хуби эҷодӣ гардида, талабот ба навиштаҳо ҷиддитар шуда буд. Бо мутолиаи рӯзномаҳои он давра қолаби жанрии маводро мушаххас кардан осон буд, масъалагузории журналист ҳадафрас, факту далел, аксҳои бозгӯкунандаи ҳол дар матлабҳо бештар дида мешуд. Жанрҳои хабар, лавҳа, репортаж, очерк, фелетон дар нашрияҳои вилоятӣ фаровон мавриди истифода қарор доштанд. Рӯзноманигорон вобаста ба муҳтавои маводи истифодамешуда рубрикаҳои мувофиқу хотирмон гузошта, саҳифаҳои рӯзномаро чашмрас, диққатҷалбкунанда ва хонданибоб мегардониданд.
Дар баробари ин, дар матбуоти даврии солҳои 80-ум доираи жанрҳо ва мавзӯъҳо васеъ гардид. Масалан, дар солҳои 1981-1983 дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” беш аз 50 мавод дар қолаби жанрҳои бадеӣ-публитсистӣ, асосан очерк, зери рубрикаи умумии “Достони водии тилоӣ”, ба муносибати 50-солагии сохтмони Вахш, ба чоп расидааст, ки дар бораи корнамоиҳои таърихии фотеҳони водии Вахш Красичков, Толстопятов, М. Миршакар, С. Исоев, М. Власова, Д. Гойфман, С. Мирошниченко, П. Воронко ва дигарон нақл мекунад. Очерки “Журналист - ветерани “Вахшстрой”” дар рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (аз 16 январи соли 1982) дар бораи ибтидои роҳи журналистии Дмитрий Гойфман, ки аз мақолаҳои девории “Вахшстрой” оғоз гардидаву дар идораи якумин рӯзномаи водӣ - “Ударник Вахшстроя” сайқал ёфтааст, ба хонанда маълумот медиҳад.
Соли 1982 Комитети марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон ба вакилони Съезди шашуми журналистони Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кард, ки онро метавон ҳамчун вазифагузории навбатии ҳизб дар назди ВАО барои панҷсолаи оянда арзёбӣ кард. Аз муҳтавои муроҷиатномаи мазкур, ки матни пурраи онро рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” 16 январи соли 1982 чоп кардааст, масъалагузориҳои ҳизб барои журналистон ва матбуотро ба таври зайл метавон номбар кард:
- мусоидат дар ҳалли масъалаҳои сохтмони хоҷагӣ ва маданӣ, тарбия кардани меҳнаткашон, сафарбар кардани онҳо ба иҷрои амалии вазифаҳое, ки дар назди республика истодаанд;
- ВАО ба минбари ҳақиқии афкори партиявӣ ва ҷамъиятии умумихалқӣ табдил ёфта, сиёсати ҳизбро ҳаматарафа пропаганда кунанд ва ба кори сохтмони коммунистӣ бо сидқу сафо хидмат намоянд;
- фактҳоро ҳаққонӣ ва объективона баён намоянд ва ба таври ҷиддӣ ҷамъбаст кунанд, иҷрои вазифаҳои хоҷагии халқро аз ҷиҳати идеологӣ таъмин намоянд;
- шарҳу баёни масъалаҳои мубрамеро чун тезонидани прогресси илмию техникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, зиёд кардани самара ва беҳтар намудани сифати кор, бо қатъият сарфа намудани ашёи хом ва масолеҳро хубтар ба роҳ монанд;
- ба вусъату инкишофи ҳаматарафаи мусобиқаи сотсиалистӣ мусоидат кунанд, моҳияти таҷрибаи пешқадамро сари вақт кушода диҳанд, барои бартараф кардани камбудиҳои кор, бепарвоӣ ва исрофкорӣ, ба муқобили вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ ва дигар ҳодисаи манфӣ мубориза баранд;
- асосҳои ҷамъиятиро дар кори худ беҳтар инкишоф диҳанд, мухбирони коргару деҳқонро бештар ба ҳамкорӣ ҷалб намоянд.
Бо мақсади васеъ намудани шабакаи хабарнигорони ҷамъиятӣ, такмили маҳорати нигорандагии онҳо, пайдо намудани роҳу усулҳои муосири ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба нашрия дар назди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» Иттиҳодияи ҳамкории муомилоти «Шафақ» фаъолият мекард, ки курсҳои шашмоҳаи «Асосҳои журналистика»-ро ба шунавандагон, мухбирони ғайриштатӣ ва алоқамандони рӯзноманигорӣ доир мекард.
Солҳои 1985-1991 дар таърихи сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун замони бозсозӣ ёдоварӣ мешавад. Ба қавли муаррих И. Усмонов, мақсади бозсозӣ гӯё аз байн бурдани тамоми камбудиҳои иҷтимоӣ-сиёсие буд, ки дар сохти давлати шӯравӣ ба мушоҳида мерасиданд.
Дар матбуот яккаҳизбӣ интиқод ва талаб мешуд, ки плюрализми сиёсӣ, чандҳизбӣ ва баробарии маҳалҳо дар идора кардани ҳокимият таъмин гардад. Нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» дар матлабе бо номи “Бозсозиро вусъати бештар диҳем” аз ташкилёбии маркази ахборот дар комитети партиявии вилоят хабар медиҳад, ки имкон дод қувваҳои кормандони васитаҳои ахбори оммавӣ ва шуъбаи идеологӣ дар ҷустуҷӯи шаклҳои нави кори ба талаботи замон ҷавобгӯ муттаҳид карда шаванд.
Рӯҳияи ошкорбаёнӣ, танқиди камбудиҳо, пешниҳоди боҷуръатонаи таклифҳо, ташкили мубоҳисаҳои ошкор дар масъалаҳои диниро дар саҳифаҳои замони бозсозии рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” дучор омадан мумкин аст.
Дар фазои иттилоотии вилояти Хатлон дар ин давра таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Соли 1988 вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро муттаҳид карда, номи вилоятро Хатлон гузоштанд. Дар заминаи рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Роҳи ленинӣ» рӯзномаи «Ҳақиқати Хатлон» таъсис дода шуд ва шумораи якуми он 1 январи соли 1989 бо теъдоди 44 ҳазор нусха ба чоп расид.
Дар шароите, ки вазъи сиёсии Тоҷикистон номусоид буд ва гурӯҳи демократияхоҳону исломгароҳо дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва манотиқи дигари кишвар ҷунбишҳои сиёсиро ба вуҷуд оварда буданд, гирдиҳамоиҳо ташкил мекарданд, мардумро бар зидди сиёсати онвақтаи ҳукумати ҷумҳурӣ бармеангехтанд, кори нашрияи вилоятӣ осон ва бехатар набуд.
Бо вуҷуди мушкилоти маълуми матбуоти даврӣ дар замони бозсозӣ (солҳои 1985-1991), ба ақидаи муҳаққиқон, аз нигоҳи теъдоди нашр ва касбият маҳз ҳамин марҳилаи таърихро давраи пешрафти матбуоти тоҷик меноманд. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «матбуот дар ҷумҳурии мо… дар замони шӯравӣ ба таври назаррас рушд кардааст. ВАО махсусан дар самти инъикоси масъалаҳои вобаста ба бунёди иншооту сохтмонҳои азим, ташкили ҳаёти нав ва масоили адабиву фарҳангӣ нақши созанда ва пешоҳанг доштанд».
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Дар солҳои 90-уми садаи гузашта мардуми Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро пушти сар карда, дар набардҳои хунин шаҳрвандони зиёде ба ҳалокат расиданд. Як қисми шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, корхонаҳо ба харобазор табдил ёфтанд. Дар ин ҳама гирудорҳо бештар водии Вахш хисорот бардошт.
Ҷанги шаҳрвандӣ яке аз марҳилаҳои душвори рушди журналистика дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, ин ҷанг ба фаъолият ва авзои ВАО-и тоҷик, бавижа расонаҳои вилояти Хатлон, низ таъсири амиқи манфӣ расонид.
Вазъи нашрияҳои ҳукуматӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ хуб набуд. На ҳама эҷодкорони ҳирфаӣ ба кори редаксияҳо дилгармӣ нишон медоданд, маош кофӣ набуд, коғаз намерасид, чопхонаҳо аз кор бозмонда буданд. Ҳатто нашрияи расмии ҳукумати вилояти Хатлон - “Хатлон” то поёни солҳои 90-ум агар як шуморааш дар чопхонаи Колхозобод (имрӯза ноҳияи Ҷ. Балхӣ) чоп мешуд, шумораи дигар дар Панҷу Ёвону шаҳри Кӯлоб ба нашр мерасид.
Бо гузашти солҳо, бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, соли 1997, вазъи нашрияҳои маҳаллӣ нисбатан беҳ шудан гирифт. Батадриҷ мушкили норасоии коғаз, хатари бевосита ба амнияти журналистон, маҳдудсозии доираи амали хабарнигорон аз байн рафт. Мавзӯи матолиби рӯзномаи вилоятии “Хатлон” аз инъикоси мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, гурезагӣ, ҳиҷрати русзабонҳо ба хориҷа, харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ, хуруҷи бемориҳо ва хатари гуруснагӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ, тадриҷан тағйир ёфта, дар марҳилаи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (27 июни соли 1997) масъалаҳои таҳкими сулҳу субот, азнавбарқароршавии хоҷагии халқ, бозгашти гурезаҳо, ташвиқи ҳаёти осоишта, васфи корномаи фарзандони содиқи ватан, таҷрибаи пешқадам, рушди таълиму тарбия аз мавзӯъҳои меҳварии ин нашрия буд.
Аз нигоҳи мо, рӯзномаи “Хатлон” дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, бо вуҷуди дучори мушкилоти сахти молиявӣ, кадрӣ ва техникӣ будан, тавонист дар системаи ВАО-и кишвар мақоми худро нигоҳ дорад.
Ҳамин тавр, агар солҳои 1992-1997-ро давраи мушкил ва рӯ ба рукуди матбуоти маҳаллии Тоҷикистон номем, солҳои 1997-2004-ро оғози давраи эҳёи матбуоти маҳал ва аз соли 2005 ба ин сӯро марҳилаи рушди босуботи матбуоти даврии вилояти Хатлон ҳисобидан мумкин аст.
Иҷрои рисолати касбӣ, яъне хидмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан аз ҳадафҳои аслии аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” мебошад. Ҳайати таҳририя тамоми неруи зеҳниву имконоти худро баҳри баланд бардоштани маърифат, шуурнокии мардум, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, ваҳдату сарҷамъии халқи сарзамин ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз истифода мекунанд.
Мояи ифтихор аст, ки то имрӯз журналистону зиёиёни соҳибқаламе чун Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Машариф Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Шералӣ Яҳёев, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Нуриннисо Муртазоева, Асалмо Сафарова масъулияти сардабирии ин нашрияи соҳибмактабро ба зимма доштанд.
Чеҳраҳои саршиноси публитсистика ва адабиёти тоҷик, ба мисли Соҳиб Табаров, Ашӯр Сафар, Саид Барот, Пиримқул Сатторӣ, Акбар Муслимов, Тӯра Қобилов, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Шарифамоҳ Кишвардухт, Бахтиёр Муртазоев, Аскаралӣ Набиев, Абдулло Муродов, Мирзо Гадоев, Карим Давлат, Олимҷон Ёрасенов, Фотеҳ Ҳомидов, Ашӯр Иброҳимов, Аброри Зоҳир, Аслон Исломов, Ҳуриннисо Ализода, Гурез Қосимов, Саломиддин Мирзораҳматов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Сайидалӣ Бобохонов, Алимуҳаммад Муродӣ, Нурмаҳмад Одинаев, Файзалӣ Чориев, Аъзам Мӯсоев, Раҷабалӣ Назаров, Аюбҷон Неъматов, Шоимназар Омонов, Сайид Раҳмон, Ғаффоралӣ Сафар, Муҳаббат Мирзораҳимова, Туҳфа Аҳмадова, Саидҷаъфар Баёзӣ, Мисралӣ Сониев, Ғулом Соҳибов, Усмон Билолӣ, Давлатҷон Султонов, Саидҷалол Фахриддинов, Мӯсо Абдуқаҳҳор, Мирзои Фирӯз, Неъматулло Худойбахшов, Боймурод Сайдалиев, Саттор Қарахонов, Ҳусния Ҳафизова, Ғайбулло Ҳалимов, Исматулло Ҳасанов, Наҷот Сафарзода, Мирзосафар Шамсиддинов ва даҳҳо нафари дигар дар ин рӯзнома фаъолият кардаву соҳибном шудаанд.
Исми ҳар як корманди эҷодиву техникие, ки тӯли ин солҳо кори нашрияро гардон карда ва масъулиятшиносона вазифаҳои худро иҷро намудаанд, барои мо гиромист. Мо ифтихор мекунем, ки идомабахши кору пайкори онҳоем.
Қобили қайди хос аст, ки имрӯз рӯзномаи “Хатлон”, сарфи назар аз рақобати ҷиддӣ дар майдони матбуоти тоҷик, фаъолияти садҳо сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, агентиҳои иттилоотӣ, хонандаи худро дорад. Бо дарназардошти шумораи обуначиён, хонандагону аъзои гурӯҳҳои рӯзнома дар сомонаи интернетӣ (www.khatlon-ruznoma.tj), шабакаҳои иҷтимоии “фейсбук”, “инстаграм”, “телеграм”, “одноклассники” ва “ютюб” маҳсулоти эҷодии рӯзноманигорони нашрияи “Хатлон” моҳона беш аз 100 ҳазор хонанда ва бинанда дорад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сар аз моҳи апрели соли 2021 рӯзномаи “Хатлон” ҳафтае ду маротиба бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха чоп ва ба дасти хонандаи арҷманд мерасад.
Дар 90-умин соли нашр рӯзномаи “Хатлон” соҳиби Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев - “Нашрияи муваффақи маҳаллӣ” гардид. Сомонаи интернетии рӯзнома низ дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” ғолиби номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетии ВАО” дониста шуд. Дар назди идораи рӯзнома маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон”, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи “Хатлон” таъсис дода шуд. Ҷиҳати сайқали маҳорати эҷодии кормандон на танҳо давраҳои бозомӯзии касбӣ, балки мунтазам озмунҳои эҷодии дохилиидоравӣ доир карда мешаванд.
Бо мақсади таҷлили сазовори 90-солагии нашрия имсол ду маҷмӯаи нав - “Эъҷози Истиқлол” ва “Кишвардухт” рӯйи чоп омад. Дар “Эъҷози Истиқлол” 30 мақолаи аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд, ки ба мавзӯъҳои Истиқлол, Ватан, нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ бахшида шудаанд.
Дар китоби “Кишвардухт” мақолаву таронаҳои рӯзноманигори марҳум Шарифамоҳи Кишвардухт (агар дар қайди ҳаёт мебуд, имсол 70-солагиашро таҷлил мекардем), инчунин ёддошти дӯстону ҳамкоронаш ҷой дода шудаанд.
Ба ифтихори 90-солагии нашрия ҳамчунин мо нашри мхсуси рӯзномаи “Хатлон”-ро дар ҳаҷми 90 саҳифа ба дасти чоп супурдем, ки он на танҳо саҳифаҳои рангини таърихи ин рӯзномаро нишон медиҳад, балки таърихи як вилояти бузурги Тоҷикистонро дар матолибаш бозтоб додааст.
Ба нашр расидани маҷмӯае, ки ҳоло дар даст доред, аз ҷумлаи иқдомҳои навбатии ҳайати таҳририя ба муносибати 90-умин солгарди таъсиси рӯзномаи “Хатлон” маҳсуб гардида, бо камоли эҳтиром ҳамчун армуғони ҷашнӣ манзури алоқамандону ҳаводорони нашрия мегардад.
Носирҷон Маъмурзода,
сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”,
номзади илмҳои филологӣ
Манбаъ: китоби "Боргоҳи маънӣ". - Бохтар: Ношир-С, 2021. - 230 с.
Сохтор
вироишСармуҳаррир: Носирҷон Маъмурзода
Ҷонишини сармуҳаррир: Фаромӯз Бобоев
Котиби масъул: Исматулло Ҳасанов
Шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори омма
Шуъбаи ҳокимияти давлатӣ ва сиёсат
Шуъбаи адабиёт, фарҳанг ва ҳунар
Шуъбаи иқтисодиёт ва кишоварзӣ
Шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |