Хаёл Бобоев  — олими соҳаи физика ва таърих, доктори илмҳои таърих (2006), профессор (2010).

Хаёл Бобоев
Таърихи таваллуд 30 октябр 1959(1959-10-30) (65 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика,таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факти физика ва астрономияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав (1983). Аввал муаллими кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1983-85), баъд коромӯз ва аспиранти Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав (1985-90), устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1990-92), докторанти УДТ (ҳоло ДМТ) (1993-96) буд. Солҳои 1996—2008 дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз соли 2009 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси устод ва ноиби ректор оид ба равобити байналмилалӣ ифои вазифа дорад. Дар мавзӯи «Такмили тайёрии астрономии устодони ояндаи физика дар донишгоҳҳои педагогӣ» (1990) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Таърихи бунёд ва рушди илми ситорашиносӣ дар Тоҷикистон» (2006) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Бобоев муаллифи беш аз 100 мақола, рисолаҳои илмӣ, усулӣ, таълимӣ ва барномаҳои дарсӣ аст. Бобоев ширкатдори якчанд конфренсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Россия (1989, 2011), Эрон (1996), Хорватия (2006), Португалия (2006), Олмон (2007) ва ғ. мебошад. Асарҳои илмии ӯ дар кишварҳои хориҷӣ ба забонҳои англисӣ ва португалӣ тарҷума шудааст.

  • Кайҳон ва тақдири инсон. Кӯлоб, 1992;
  • Нигорише андар нуҷум. Д., 2000;
  • Достижения ученых-астрономов Таджикистана во второй половине ХХ в. Д., 2005;
  • О формировании астрономических знаний таджикского народа. Д., 2006;
  • Возрождение астрономии в Таджикистане (ХХ в.) — Д., 2006;
  • Дунёи нуҷум ва фарҳанги кайҳоншиносӣ. Д., 2010.

Сарчашма

вироиш