Хирман-бозӣ
Хирман-бозӣ
Барои ин бозӣ 6-8 нафар писарбачаҳо якеро аз байни худ барои «хирман» шудан интихоб менамоянд. Шахси нақши «хирман»-ро иҷрокунанда дар мобайни майдонча чорпо шуда, мешинад. Бачаҳо яктаку ҷомаҳои худро кашида, ба болои «хирман» мепартоянд. Як нафари дигар «хирман»-ро посбонӣ мекунад. Дигарон ба «хирман» ҳуҷум мекунанд. Посбон намегузорад, ки ҳуҷумкунандагон ба «хирман» пояшонро расонанд ва худи ӯ наздикшудагонро бо пояш зада дур мекунад. Лагади посбон ба кадом бозигаре, ки расид, ҳамон кас «хирман» мешавад. Дар Истаравшан дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад.[1]
Адабиёт
вироиш1. Амонов Р. Қиссаи диёри чашмасор. Д., 1995.
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 198