Хола-хола (бозӣ)

Як навъ бозии бачагони хурдсоли кўҳистон. Яке аз бачаҳо нақши “уқоб”-ро бозӣ мекард, дигаре нақши “мурғ”-ро ва боқимондаи бачаҳо “чӯҷаҳо” мешуданд. Чӯҷаҳо дар атрофи мурғ дон хӯрда истода буданд, ки ногоҳ уқоб пайдо мешавад. Чӯҷаҳо ба тарафи мурғ мегурезанд ва дар пушти модар пинҳон мешаванд. Уқоб чӯҷаҳоро як-як рабудан мегирад. Дар охир мурғ танҳо монда, заминро бо панҷааш кофта, “ту-ту-ту…” гуфта фарёд мекунад ва чӯҷаҳо боз аз ҳар куҷо давида омада, дар атрофи мурғ ҷамъ мешаванд. Дар Рашт, Дарвоз, Кӯлоб нимфаъол аст.[1]

Адабиёт

вироиш

1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976;

2. Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961.

3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред низ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 199