Хокбод
Хокбод — шамоли сахтест, ки миллионҳо тонна чангро ба масофаи якчанд ҳазор км интиқол медиҳад.
Одатан дар фасли гарми сол дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо ва чулҳои кушод ҳангоми аз ҳад зиёд хушк шудани хок дар шароити кам будан ё тамоман набудани рустаниҳо ба вуҷуд меояд. Дар ИМА, Чин, Миср, кишварщои пасошӯравӣ (дар Украинаи Ҷанубӣ, Кавкази Шимолӣ, дар даштҳои Қазоқистон ва Осиёи Миёна) ва дар диг. мамлакатҳо маъмул аст. Асосан Хокбоди сахт ҳангоми кишти нодурусти замин ба вуҷуд меояд. Xокбод ба хоҷагии қишлоқ, зарари калон мерасонад: киштзорро хокпӯш ва қабати муайяни рӯи заминро хароб менамояд, дар роҳи оҳан рег туда мекунад ва ғайра.
Барои муҳофизат аз хокбод дарахтҳо мешинонанд, чораҳои агрегатии барфу обнигоҳдорӣ ва ғайра мебинанд.
Нигаред
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.