Хоксор Шукруллоҳхони Кофӣ

Хоксор Шукруллоҳхони Хофӣ (англ. Khaksar Shukrullah Khan; ? — 1697, Майвот, Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Хоксор Шукруллоҳхони Кофӣ

Зиндагинома

вироиш

Гузаштагонаш аз Хофи Хуросон буда, аз он ҷо ба Шероз, аз Шероз ба Ҳиндустон рафтаанд. Хоксор дар сарзамини Ҳинд таваллуд шуда, ба камол расидааст. Вазифаи фавҷдории шаҳру вилоёти Сарҳинд, Сикандаробод ва Шоҳиҷаҳонободро ба ҷо овардааст. Ӯ дӯсту ҳомии Бедил, Носиралии Сарҳиндӣ, Шерхони Лудӣ ва дигар шоирони олимони давр буда, дар пешрафти илму адаби асри хеш хидматҳои зиёде кардааст. Хоксор шоири соҳибдевон аст. Аз девони ашъораш, ки шомили ғазалу рубоӣ, қитъа ва чанд маснавии хурд аст, як нусхаи хаттии дар китобхонаи Банкипур (шаҳри Патнаи Ҳиндустон) нигоҳ дошта мешавад. Яке аз шарҳҳои Маснавии Ҷалолуддини Румӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Адабиёт

вироиш
  • Хоксор / Б. Раҳимов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).


Пайвандҳо

вироиш