Хурӯсҷанг
Хурӯсҷанг
Навъе аз бозиҳои маъмули бачагону ҷавонони деҳот, ки дар шакли намоишӣ ва мусобиқавӣ дар ҷашнҳои Наврӯз, сайрҳои баҳорӣ ва баъзе маъракаҳои халқӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи хурӯсҷанг дар майдонҳои кушод мегузарад. Ду нафар довталаб хурӯсҳои худро дар майдон сар медиҳанд. Хурўсҳо ба якдигар бархӯрда, ба қафаси синаашон якдигарро мезананд. Ҳамон хурӯсе мағлуб шуморида мешавад, ки рӯ ба гурез ниҳад. Соҳиби хурӯси ғолиб бо мукофот табрик карда мешавад. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Шакармамадов Н., Шакармамадов О. Наврӯзи Бадахшон. Хоруғ, 2003;
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 199