Холмаҳмад Маҷидов
Холаҳмад Маҷидов (15 ноябри 1948, ноҳияи Ховалинг 12 октябри 2023, Душанбе) — сархормейcтери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ[1]Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1997).
Холмаҳмад Маҷидов | |
Таърихи таваллуд | 15 ноябр 1948 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ховалинг |
Таърихи даргузашт | 12 октябр 2023 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мутриб |
Зиндагинома
вироишХолаҳмад Маҷидов соли 1967 омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, 1971 Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1972-75 директори мактаби мусиқии н. Москваи вилояти Хатлон, аз с 1975 хормейстер ва аз соли 1981 сархормейстри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Маҷидов донандаи хуби мусиқӣ, навозандаи якчанд созҳои гуногуни мусиқист. Ба қавли М. Карамхудоев: «Фаъолияти кориаш чун хормейстер аз соли 1973 оғоз ёфтааст. Солҳои 1973-75 хормейстери сурудҳои дастаҷамъии н.-ҳои Москва, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Кӯлоб ва Панҷакент дар озмуни „Бустон“ буд. Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ зиёда аз 100 опера ва намоишномаҳоро барои атфолу наврасон ба саҳна гузоштааст. С. 1998 хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии Маҷидов дар Озмуни байналмилалии хорсароён бо иштироки 39 кишвар ҷои дувумро соҳиб гашт. Барномаи сурудҳои халқии дастаҷамъии Театр низ дар ҳамин озмун ғолиб дониста шуд. Маҷидов Дар хониши сурудҳои дастаҷамъиии ҷашнҳову намоишҳои ҷумҳурӣ роҳбарӣ кардааст».[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Cомонаи театр
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.227. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)