Холмуроди Сиддиқ
Холмуроди Сиддиқ (Холмурод Сиддиқов; зод. 11 майи 1953, деҳаи Искич, ноҳияи Ҳисор) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2007).
Таърихи таваллуд: | 11 май 1953 (71 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишСоли 1969 пас аз хатми мактаби миёнаи № 7-и деҳа ба факултаи санъати Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко дохил мешавад[1]. Пас аз як соли таҳсил ҳуҷҷатҳояшро аз нав барои дохил шудан ба Институти театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав месупорад ва донишҷӯи факултаи актёри драма ва кино мешавад.
Хонавода
вироишОиладор, соҳиби 3 фарзанд ва 5 набера[1].
Корнома
вироишБаъди хатми донишгоҳ соли 1976 Холмуроди Сиддиқ ба Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба кор омада, то имрӯз дар ин даргоҳи ҳунар фаъолият дорад.
Дар чандин намоишнома пайи дасташро гузоштааст, вале нақш хоҳ калон асту хоҳ хурд, ҳамеша бо ҷиддият офаридааст. Лаёқаташ дар мазҳака беҳамтост. «Мавзӯи озод», «Арӯс ва домод», «Таронаи муҳаббат», «Умед», «Сухани вопасин», «Фиғон», «Саргузашти Ҳотами Той», «Донаки сеҳрнок», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Нафси бад — балои ҷон», «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст» барин спектаклҳо аз ҳунараш ҷилои тоза ёфтаанд. Беш аз даҳ сол аст, ки тариқи барномаи ҳаҷвии телевизионии «Лаҳзаҳои гуворо» рӯҳи мардумро бо зарофатҳои намакину ҳаҷвиёти обдораш мебардорад, ба дили аҳли завқи диёрамон шодмонӣ мебахшад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Холмуроди Сиддиқ: Аз Пединститут арӯс ёфтам! (Видео)(тоҷ.). oila.tj. 11 май 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.