Холмурод Абдувадудович Бобиев (тав. 29.11.1963, ноҳияи Ваҳдат), кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (1999).

Холмурод Бобиев
Холмурод Абдувадудович Бобиев
Таърихи таваллуд 29 ноябр 1963(1963-11-29) (60 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ химия
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1981–1986 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1986–1994 корманди илмии Институти химияи ба номи В. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллими фанни химияи мактаби миёнаи № 5 ноҳияи Ваҳдат, 1994–2001 тадқиқотчии корхонаи хурди «Занд», 2001–2007 ходими пешбари илмии Институти илмҳои табиии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 то ба имрӯз иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 30 мақолаи илмӣ ва соҳиби як ихтироот (патент № 227tj) – доруи иммуноангезандаи ферунол мебошад. Оид ба синтези баъзе хусусиятҳои биологии пептидҳои иммунофаъоли каммолекула тадқиқоти илмӣ анҷом додааст.

Изучение различных методов удаления карбобензоксигруппы при синтезе нового аналога бурсина // Доклад АН Республики Таджикистан, Т. 39, Д., 1996; Синтез и иммуногенные свойства комплекса низкомолекулярного иммуноактивного пептида с железом // Доклад АН Республики Таджикистан, Т. 11, Д., 1997; Способ получения иммуностимулирующего препарата Ферунол // Патентный вестник, №10, Д., 1998; Модификация метода активированных эфиров для синтеза дипептида валил-триптофан //Доклад АН Республики Таджикистан, Т. 12, Д., 1998; Метод изучения взаимодействия триптофана с ионом железа // Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии «Проблемаҳои таълими тафриқа», Д., 2009.

Пайвандҳо

вироиш