Холмурод Буйдоқов
Холмурод Буйдоқов (05.12.1930, деҳаи Қипчоқи н. Мўъминобод – 29. 01.2012, Душанбе) — доктори илми педагогӣ (1990), профессор (1991).
Холмурод Буйдоқов | |
Таърихи таваллуд | 5 декабр 1930 |
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод , ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 29 январ 2012 (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Вазоратии маорифи ҶШС Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСоли 1962 факултаи таъриху филологияи УДТ-ро (ҳоло ДМТ) хатм карда, дар макотиби миёнаи Душанбе ҳамчун муаллим, директор заҳмат кашидааст. Солҳои 1970-1973 аспиранти Институти илмӣ-таҳқиқотии маълумоти умумии Академияи илмҳои педагогии СССР (ш. Маскав), 1973-1980 мудири бахш, мудири шуъбаи Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогии Тоҷикистон 1980-2006 мудири шуъбаи педагогикаю психологияи Институти такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимони Вазоратии маорифи ҷумҳурӣ буд. Аз соли 2006 то поёни умр вазифаи сармутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро адо намудааст. Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дарс додааст ва роҳбари илмии унвонҷӯён будааст. Ба қаламаш қариб сесад таълифот – китобу рисола, дастуру барномаҳои илмӣ, методӣ, таълимӣ, мақолаҳо оид ба асосҳои назарияи таълим, ташкилу таҳлили дарсҳо, роҳбарӣ ва назорати педагогӣ дар мактабҳо, асосҳои равонии ҷаҳонбинии омӯзгорон ва ғайра мутааллиқанд.
Осор
вироиш- Особенности обобщающего повторения. – Д., 1975;
- Системаи ташкили дарсҳо дар мактабҳои миёна. – Д., 1976;
- Алоқаи мактаб ва истеҳсолот.– Д., 1977;
- Искусство педагога. – Д., 1986;
- Психологические особенности самообразования учителей. – Д., 1987;
- Асосҳои психологию педагогии ҷаҳонбинии муаллимон. – Д., 1988;
- Аҳамияти психологию педагогии худомӯзии муаллимон. – Д., 1989;
- Роҳбарӣ ва назорати педагогӣ дар мактаб. – Д., 1990;
- Взаимосвязь и взаимодействие школы и производство. – Д., 1990;
- Иштирок ба дарс ва таҳлили он. – Д., 1991;
- Психологические особенности речевой деятельности учащихся в процессе обучения. – Д., 1991;
- Роҳбарии педагогии ҷараёни таълим. – Д., 1992;
- Дарс. – Д., 1992;
- Асосҳои дидактики ташаккули донишҳои ҷамъбастӣ. – Д., 1993;
- Асосҳои дидактика. – Д., 1995;
- Ташаккули донишҳои хулосавӣ дар ҷараёни таълими хонандагон. – Д., 1997;
- Асосҳои психологии таълими хонандагон. – Д., 1998;
- Психологические основы обучения учащихся в целостном педагогическом процессе. – Д., 1998;
- Психологические основы управления. – Д., 2002;
- Таълим ва истеҳсолот. – Д., 2010;
- Дидактика. – Д., 2011; Ягонагии омӯзиш ва амал. – Д., 2011;
- Асосҳои ташаккули донишу маҳорат ва малакаи зеҳнии талабагон дар раванди таълим. – Д., 2012.[1]
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 116.