Ғуломов Хол Сафарович (15 июли 1929 ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 20 июли 2017, шаҳри Твер, Русия) — ходими фарҳанг. Корманди хидматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1964).

Хол Ғуломов
Ғуломов Хол Сафарович
Таърихи таваллуд 15 июл 1929(1929-07-15)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 20 июл 2017(2017-07-20)
Маҳалли даргузашт шаҳри Твер, Русия

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Техникуми маданӣ-равшаннамоии Куктош (ҳоло Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Буйдоқов; 1949), Институти давлатии китобхонашиносии Маскав (ҳоло Институти давлатии фарҳанги Маскав; 1953). Фаъолияти кориашро дар наврасӣ аз к-зи «Ситораи Сурх»-и шӯрои деҳоти Ёхсуи н. Данғара оғоз кардааст. Табелчии колхозизи «НКВД»-и шаҳри Норак (1944-46), муовини сардор (1953-57), сардори раёсати муассисаҳои маданиву маърифатии Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1957-64), директори Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1964-67), Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии Тоҷикистон ба номи К. Беҳзод (1967-89). Аз соли 1989 дар нафақа буд. Дар эҳё, таъсис ва сохтмони театрҳо, хонаҳои маданият, китобхонаҳои пойтахт ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст.

Ба шеъру шоирӣ низ шуғл варзида (аз 1950), бо тахаллуси «Рамзӣ» ва «Ниҳонӣ» шеър мегуфт. Намунаи ашъораш аз солҳои 70 садаи XX дар матбуоти даврӣ («Маориф ва маданият», «Ҷавонони Тоҷикистон») чоп шудаанд. Доираи мавзӯъҳои ашъораш меҳру садоқат ба ватан, ваҳдат, муҳаббат ва ғ-ро дар бар мегиранд. Яке аз шеърҳояшро («Соҳили дарё хуш аст») Иброҳим Кобулиев оҳанг баста, сурудааст. Дар ҳайати Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба Афғонистон (1964), Ӯзбекистон (1966) сафари ҳунарӣ кардааст. Депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе (1965).

Ҷоизаву медалҳо

вироиш

Аълочии маданияти ИҶШС (1964). Бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1954, 1957, 1960, 1963), Шӯрои Олии ҶШС Туркманистон (1959), Грамотаи Фахрии КМ ҲК ҶШС Ӯзбекистон (1966), медалҳои «Барои наҷоти ғарқшаванда» (1959), «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» (1970), «Барои меҳнати шоиста», «Ветерани меҳнат» ва чандин ифтихорномаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ сарфароз гардидаст.

  • Шукуфаҳои умедбахш. Д.,1973;
  • Боли ишқ. Д., 2009, 2010.