Хоро (суруд)
Хоро — сурудест дар қисми овозии Шашмақом, ки чун мавзӯи аслӣ дар шуъбаи якуми мақоми Сегоҳ ҷой гирифтааст. Хоро дар ин шуъба бо 5 тарона омада, бо зарби 2/4 иҷро мешавад. Оҳангаш фараҳангез аст. Матни Хоро дар Шашмақом бар ғазали Имлои Бухороӣ омадааст, ки матлааш ин аст:
- Бикшой рухи чу моҳу ривоҷи бутон шикан,
- Бозори нози лолаву лоларухон шикан.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.