Хосият Ортиқова (Хосият Қурбонзодаи Зарафшонӣ; зод. 10 октябри 1960, деҳаи Гузари Бод, ноҳияи Айнӣ) — — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006).

Хосияти Зарафшонӣ
Хосият Ортиқова
Таърихи таваллуд 10 октябр 1960(1960-10-10) (64 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро ба поён оварда, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт ва то кунун дар ин боргоҳ заҳмат мекашад, солҳои охири сарварии дастаи ҳунариро ба дӯш дорад. ӯ аз як ҷониб шохаю бахшҳои ҷудогонаро аз «Шашмақом» бо лаҳни хос иҷро намуда, дар тарғибу тарвиҷи ин шоҳкории мусиқӣ нақш гузошта бошад, аз сӯи дигар сурудҳои оҳангсозони тоҷик ва таронаҳои мардумиро дар ғояти нозукӣ адо менамояд, худ мусаннифи оҳанги бисёр сурудҳост. «Ҳасрати зулф», «Соқиё», «Гуфтем», «Ҳикоят мекунад», «Гӯё кун забонамро», «Рӯзгори баргашта», «Хорам макун», «Ташнаи ёди Зарафшон», «Нигина ёр», «Майда-майда хол дорӣ», «Ёд аз мани ошиқ кунед», «Падарам», «Гул бар сар бизанад», «Мард агар ошиқ шавад», «Ханда кун», «Дидан нагузоранд», «Писари дар ба дар», «Дар банди хаёли ту» барин зиёда аз шаст сурудаш дар хазинаи Радиои тоҷик маҳфузанд. Ба Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Миср, Ироқ, Исроил, Австрия, Дания, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст[1].

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Шараф» қадр шудаааст.

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.