Хосият Қосимова
Хосият Қосимова (тав. 22.07.1942, шаҳри Бухоро), биолог, номзади илмҳои биологӣ (1967), дотсент (1968).
Хосият Қосимова | |
Таърихи таваллуд | 22 июл 1942 (82 сол) |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1957–1962 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Тошкент таҳсил намудааст. Солҳои 1965–1968 ходими илмии Институти биологию эксперименталии шаҳри Тошкент, 1968–1978 дотсенти кафедраи зоологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Аз соли 1978 то ба имрӯз дотсенти кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 2 китоби дарсӣ, 10 дастури методӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмиву методӣ мебошад. Дар корҳои илмияш масъалаҳои ситологии зиёд кардани гулҳои баъзе рустаниҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст. Барои хидматҳояш бо ифтихорномаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1990) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005) сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Ҳуҷайрашиносӣ, Д., 1990;
- Ҷаниншиносӣ, Д., 1994;
- Бофташиносӣ, Д., 1999;
- Дарсҳои амалӣ аз фанни гистология бо асосҳои ҷаниншиносӣ (Дастурамал), Д., 2003;
- Ташкилу гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни ситология, гистология ва эмбриология, Д., 2006;
- Луғати тасвирӣ оид ба фанҳои ситология, гистология ва эмбриология, Д., 2006.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |