Хоҷамурзо Салбиев
Хоҷамурзо Салбиев (13 апрели 1908, ноҳияи Киров, ҶАШС Осетияи Шимолӣ — 24 сентябри 1975, Душанбе) — иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (1968), профессор (1968), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).
Таърихи таваллуд | 13 апрел 1908 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Киров, ҶАШС Осетияи Шимолӣ, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 24 сентябр 1975 (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони Шарқ |
Ҷоизаҳо | Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974). Шаблон:Ордени Нишони фахрӣ |
Зиндагинома
вироишСоли 1931 Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони Шарқро хатм кардааст. Солҳои 1923—1924 вожати отряди пионерӣ ва котиби ташкилоти комсомолии деҳаи Элхоторо, 1924—1925 раиси Бюрои пионерии назди Комитети комсомоли вилояти Осетияи Шимолӣ, 1925—1927 котиби Комитети комсомоли округи Беслан-Тулатов, 1927—1932 донишҷӯ, ассистенти калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони Шарқ (ш. Москва), 1932—1933 мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Комитети ҳизбии ноҳияи Алигар-Ардови ш. Алгари ҶАШС Осетияи Шимолӣ, 1933—1934 муҳаррири нашриёти «Партиздат»-и КМ ВКП ва роҳбари Нашриёти миллию ҳизбии Кавкази Шимолӣ, 1934—1935 инструктори масъули КМ ҲК(б) Тоҷикистон, 1935—1937 донишҷӯи Институти профессураи сурхи хоҷагии ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ, муаллими иқтисоди сиёсии Донишкадаи инжинерии нақлиёт (ш. Москва), 1937—1944 ҷонишини комиссари халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1938—1944 ҳамчун муаллими иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1944—1946 вазири маорифи ҶАШС Осетияи Шимолӣ, 1946—1975 мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 70 асару мақолаҳои илмӣ мебошад ва дар таълифотҳояш паҳлӯҳои мухталифи масъалаҳои тараққиёти иқтисодии Тоҷикистонро дар солҳои 30-50 асри XX баррасӣ кардааст. Бо ду ордени «Нишони фахрӣ», ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва якчанд медалҳо мукофотонида шудааст.
Осор
вироиш- Развитие столицы Таджикской ССР, Сталинабада, Сталинабад, 1952;
- Социалистический путь развития Таджикистана, расцвет его экономики и культуры, Сталинабад, 1955.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |