Хоҷа Азизон Алии Ромитанӣ (форсӣ: خواجه عزیزان علی رامیتنی‎; 1194, Ромитан, Вилояти Бухоро25 декабр 1315) — сӯфии форс-тоҷик ва аз машоихи силсилаи хоҷагон[1], устоди Бобо Самосӣ.

Хоҷа Алии Ромитанӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 1194
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 25 декабр 1315
Эътиқод: ислом
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Хоҷа Алӣ Ромитанӣ дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро ба дунё омад. Бо тахаллуси Азизон машҳур гардида аст. Алӣ Ромитанӣ аз сабаби оне, ки касби бофандагиро ихтиёр дошт бо тахаллуси Хоҷа Нассоҷ низ шуҳрат ёфта буд. Баъд аз таҳсил кардани илмҳои динӣ ба Маҳмуд Инҷирфағвонӣ интисоб намуд. Устодаш Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ пеш аз марг вазифаи иршодро ба ў таслим кард, ва тамоми шогирдонашро низ бар вай амонат гузошт.

Даргузашт

вироиш

Хоҷа Азизон моҳи Зилқаъдаи соли 721 ҳиҷрӣ (1321 мелодӣ) дар сини 130 солагӣ аз олам чашм пушиданд. Қабри эшон дар деҳаи Даҷҳаи ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро қарор дорад. Дарахти туғе, ки дар назди қабрашон буд ҳолан мавҷуд мебошад.

  1. راميتنى، على،. دایرة المعارف اسلامی.