Амир (Хоҷа Амирхон; қарни XVI, Самарқанд — қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Хоҷа Амирхон
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар Самарқанд таваллуд ёфта ба камол расидааст. Ба Ҳиндустон рафт ва ба кори эҷодӣ машғул шуд. Нигорандаи тазкираи «Нештари ишқ» Ҳусайнқулихони Азимободӣ Амирро чун амири иқлими сухандонӣ ва некӯбаёнӣ ёд кардааст. Мавзӯи ашъораш ишқу вафо, танқиди беадолатиҳои замон ва ғ. мебошанд.

Намунаи ашъор

вироиш

Абёти зерин аз сурудаҳои ӯянд:

Гуфтамаш: «Ҳаст туро меҳр ба мо?» Гуфт, ки: «Нест!»
Доғи ин рашки ниҳонам, ки чаро гуфт, ки: «Нест!»
Гуфтам: «Аз ҳоли Амират хабаре ҳаст оё?»
Чин ба абрӯ бификанду ба адо гуфт, ки: «Нест».

Адабиёт

вироиш