Хоҷа Конбобо ё Кони намак
Хоҷа Конбобо ё Кони намак - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Дар самти шимолии деҳаи Шарафободи Ҷамоати Ориён мазорест бо номи Хоҷаи Конбобо. Дар ин мазор ду мадфангоҳи андозаашон бештар аз 4х2 метр мавҷуд буда, он дар фазои кушод қарор дорад. Дар доманаи кӯҳпораи Боботоғ ғоре ба назар мерасад, ки зиёратчиён ба он ворид шуда дуою фотиҳа мехонанд. Дар самти шимолу ғарбии ғор бошад, чашмае мавҷуд аст, ки оби он ба тарафи ҷануб ҷорӣ мешавад. Оби он хеле шӯр буда, хусусияти шифоӣ низ дорад, инчунин аз он намаки ошӣ истеҳсол мекунанд. Хоҷа Конбобо яке аз сулукони силсилаи нақшбандия ба ҳисоб рафта, қадамҷойи ӯро мардум муқаддас меҳисобанд..[1]
Адабиёт
вироиш- Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |