Деҳоти Ориён

(Тағйири масир аз Ҷамоати Ориён)

Ҷамоати Ориён — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Ориён
Парчам
Парчам
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Вилоят Вилояти
Ноҳия Ноҳияи
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Деҳоти Ориён дар харитаи
Деҳоти Ориён
Деҳоти Ориён

Ҷамоати Ориён 4 июли соли 2013 ташкил шудааст, ки марказаш деҳаи Ҳалқарӯд буда, аз он то маркази ноҳияи Ҳисор ва истгоҳи роҳи оҳан 24 км масофа аст. Ба ҳудуди марзию маъмурии ҷамоат 7 деҳа — Мурутак, Чинор, Ҳалқарӯд (Ҷартеппа), Ҳафттеппа (Ҷетиқир), Ҳоҷигирдоб, Шарафобод ва Гулистон (Ҷӯҷалӣ) дохил мешаванд. Аз тарафи ш. бо дарёи Кофарниҳон, ноҳияи Рӯдакӣ, аз тарафи ҷанубу ғарб бо Ӯзбекистон ва шаҳри Турсунзода, аз тарафи ғарбу шимол бо ноҳияи Шаҳринав, аз тарафи шимол бо деҳаи Латтабанди Ҷамоати Деҳқонобод ҳамсарҳад мебошад. ҷамоат 7821 нафар аҳолӣ дорад, дар ҳудудаш 7 мактаб, маркази фароғатию фарҳангӣ, масҷиди ҷомеъ, 2 китобхона, якчанд масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдо, марказҳои тиббӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷойгиранд.[1]

Деҳаҳои ҷамоат

вироиш
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2022)
Мурӯтак 933
Чинор 2290
Ҳалқарӯд 2366
Ҳафттеппа 1794
Ҳоҷигирдоб 1080
Шарафобод 1140
Гулистон 950

Адабиёт

вироиш
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 559