Хоҷа Муҳаммади Файёз
Файёз Хоҷа Муҳаммад Дониёл ибни Хоҷа Шоҳӣ (қарни XVII) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишБа қавли Малеҳои Самарқандӣ шахси таҳсилдида, соҳиби фазлу камол будааст. Дар татаббӯи шуарои гузашта шеър (бештар ғазал) мегуфтааст.
Ин байт аз ӯст:
Ҳама аз холу хату зулф сухан мегӯянд,
Моҳи ман содаузорест, ки гуфтан натавон.
Файёз инчунин хаттот ва дар иншо моҳир будааст.
Адабиёт
вироиш- Файёз // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- Суханварони Сайқали рӯи замин, Душанбе, 1973.