Хоҷа Самеъи Содот
Хоҷа Самеъи Содот (форсӣ: خواجه سمیع سادات سمرقندی; қарни XVII) — шоир ва нависандаи форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Самарқанд касби камол кард. Як муддат дар Ҳиндустон зист, боз ба зодгоҳаш баргашт ва ниҳоят, дар Бухоро манзил гузид. Содот шоири ҳунарманд ва пурмаҳсуле будааст. Малеҳои Самарқандӣ ба ҷуз девони комили ғазалиёт боз асари мансури «Авранги ҳикмат» (дар ҷавоби «Нузҳату-л-арвоҳ»-и Мирҳусайни Содоти Ҳиротӣ), маснавии «Чор фасл» (дар ҷавоби «Туҳфату-л-Ироқайн»-и Хоқонии Шервонӣ) ва як маснавии дигар дар васфи Боғи баланди Самарқанд доштани ӯро хотирнишон месозад. Вале ин асарҳо ҳоло номаълуманд. Танҳо 34 байти маснавии васфи Боғи баланд, 13 рубоӣ ва як ғазали Содот ба воситаи «Музаккиру-л-асҳоб»-и Малеҳо боқӣ мондааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Содот Хоҷа Самеъ / С. Саъдиев // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).