Хоҷа Ғуломфарид (форсӣ: خواجه غلام فرید‎; 25 ноябр 1845, Чочрони Шариф[d], Панҷоб24 июл 1901, Чочрони Шариф[d], Панҷоб) — сӯфӣ ва шоири форсизабони Ҳиндус­тон, фарзанди Худобахш.

Хоҷа Ғуломфарид
Таърихи таваллуд: 25 ноябр 1845(1845-11-25)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 июл 1901(1901-07-24) (55 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, адиб
Забони осор: сиройкӣ[d], форсӣ ва урду

Зиндагинома

вироиш

Дар ҳаштсолагӣ аз падар ятим монда, таҳти сар­па­рас­тӣ ва тарбияи бародари калонаш хоҷа Ғулом­фах­руд­дин (1819—1871), ки суфӣ ва олими маъруф буд, ба воя расид. Хоҷа Ғулом­фа­рид бо роҳ­намоии бародараш ҳадис, тафсир, фиқҳ ва дигар илм­ҳо­ро омӯхта, аз ӯ касби тариқат кард. Баъди даргузашти бародараш ба ҷои ӯ ба маснади иршод нишаст. Амироне монанди Содиқ Муҳаммадхони чаҳо­рум — волии Бҳа­вал­пур, наввоб Қайсархони Магасӣ ва наввоб Абдулҳа­ким­хо­ни Тункӣ аз ҷумлаи муридонаш буданд. Оро­м­гоҳаш дар рус­тои Кутматҳани Панҷоб зиёрат­гоҳи мардум аст. Бештари ашъори Хоҷа Ғулом­фа­рид ба забони сарои­кӣ (забони бахше аз мардуми Панҷоб дар Мултон, Бҳа­вал­пур ва баъзе ма­нотиқи дигар) аст, вале ба форсӣ, ур­ду, ҳиндӣ ва синдӣ низ шеър гуфтааст. «Мақойису-л-ма­ҷо­лис» ё «Ишо­роти Фаридӣ» ва «Иршодоти Фаридӣ» (дар 5 ҷилд, ки малфузоти вай ва гир­довардаи мавлоно Рук­нуддини Пар­ҳорсунгӣ аст) аз ашъори форсии ӯ мебошанд. Рисолаи «Фавоиди Фаридия» дар сайру сулук ва ирфон буда, «Мано­қиби Фаридия» аз малфузоти ӯ иборат аст.

Адабиёт

вироиш