Хоҷа Ҷалолуддин Ҳошимии Сиддиқӣ

Сиддиқӣ, Хоҷа Ҷалолуддини Ҳошимӣ (1438—1528, Бухоро) — шайхулислом, шоир ва донишманди форс-тоҷик, дӯст ва шогирди Абдурраҳмони Ҷомӣ.

Хоҷа Ҷалолуддин Ҳошимии Сиддиқӣ

Зиндагинома

вироиш

Бо тахаллусҳои Сиддиқӣ ва Ҳошимӣ шеър гуфтааст. Бештар бо Хоҷа Ҳошимӣ шуҳрат дорад. Дар зодгоҳаш таҳсил ва эҷод кардааст. Тазкиранависон ба эҷодиёти Сиддиқӣ баҳои баланд додаанд. Восифӣ хабор медиҳад, ки хонаи Сиддиқӣ ҷои ҷамъомади аҳли фазлу камол буд, бархе аз шоирони Бухоро ҳар рӯз ба манзили ӯ меомаданд ва ҳар рӯз Сиддиқӣ байте ë ғазалеро ба миён гузошта, аз онҳо ҷавоб дархост мекард ва шеъргӯию баҳсу мунозира ривоҷ мегирифт. Аксар ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Котибӣ ва Восифӣ мавриди суолу ҷавоби аҳли маҷлис мешудаанд. Ин кори хайри Сиддиқӣ завқу табъи шоиронро хеле равнақ додааст. Аа ҷумла, бисёр шеърҳои ҷавобияи Восифӣ дар чунин ҷамъомадҳо ба миëн омадаанд. Сиддиқӣ ва Ҷомӣ бо ҳам дӯстӣ ва мукотиба доштаанд. Сиддиқӣ шоири ғазалсаро ва матлаъгӯш бомаҳорат буд.

Адабиёт

вироиш
  • Сиддиқӣ / У. Назиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).