Христиан Голдбах
Христиан Го́лдбах(олмонӣ: Christian Goldbach; 18 март 1690[1][2], Кёнигсберг[d][3] — 20 ноябр 1764[2][1], Маскав[3]) — риёзидони рус, узви АИ Петербург (1725).
олмонӣ: Christian Goldbach | |
Таърихи таваллуд | 18 март 1690[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 ноябр 1764[2][1] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | назарияи ададҳо[d][4], риёзиёт[4], series[d][4], ҳандаса[4] ва Телескоп[4] |
Алма-матер | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кёнигсберг. Соли 1725 ба Русия кӯчид. Солҳои 1725—1740 котиби илмии АИ Петербург буда, аз соли 1742 дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар Маскав кор кардааст. Бо Л. Эйлер мукотибаи илмӣ (1729—1764) дошт. Дар яке аз мактубҳояш ба Л. Эйлер фарзия баён намуд, ки дар илм бо номи муаммои Голдбах ворид шудааст (1742). Тибқи ин фарзия ҳар як адади томи n>4-ро дар намуди ҳосили ҷамъи 3 адади сода ифода кардан мумкин аст. Эйлер дар мактуби ҷавобиаш таъкид намуд, ки барои ҳалли ин масъала исбот намудан кофист: ҳар як адади ҷуфт ҳосили ҷамъи ду адади сода аст. Масъалаи Голдбах ва Эйлер ё муаммои Христиан Голдбаҳро чунин ифода кардан мумкин аст: ҳар як адади ҷуфти n>4 ҳосили ҷамъи ду адади сода ва ҳар як адади тоқи n≥7 ҳосили ҷамъи се адади сода аст. Корҳои илмии Христиан Голдбах, асосан, ба таҳқиқи муодилаҳои дифференсиалӣ ва табдили қаторҳои дуршаванда ба қаторҳои наздикшаванда бахшида шудаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Universalis (фр.) — Encyclopædia Britannica, 1968.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Deutsche Nationalbibliothek Record #118696149 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
вироиш- Юшкевич Л. П., Конслевич Ю. Х. Христиан Голдбах,. (История математики в России до 1917"). М., 1968.
Сарчашма
вироиш- Голдбах Христиан // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.