Хуаксин Ғаюр Семент

Корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент» — яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли семент дар Тоҷикистон, ки дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон соли 2013 ба кор оғоз кардааст[1].

Ин ширкат аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» ва ширкати чинии «Huaxin Central Asia Investment (Wuhan) Co., Ltd» таъсис дода шудааст. Дар корхона технология ва таҷҳизоти замонавӣ истифода шуда, дар он сементи баландсифати ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол мешавад. Иқтисдори солонаи ширкат 1,2 миллион тонна дар як солро ташкил медиҳад. Ширкат клинкер, сементи дараҷаҳои M-400 ва M-500-ро истеҳсол мекунад[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Ифтитоҳи бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон. prezident.tj. Президенти Тоҷикистон. 13 июли 2023 санҷида шуд.
  2. КМ “Хуаксин Ғаюр Семент” – Ғаюр Гурӯҳ. 13 июли 2023 санҷида шуд.