Автоматонӣ — яке аз самтҳои пешрафти илму техника, истифодаи воситаҳои техникии худтанзимкунанда, усулҳои иқтисодию математикӣ ва системаҳои идоракунӣ, ки инсонро пурра ва ё қисман аз иштирок дар раванди бадастоварӣ, коркард ва истифодаи энергия, маҳсулот ё маълумот озод ва иштироки ӯро дар корҳои заҳматталаб хеле кам мекунад. Ҳадафи автоматонӣ: баланд бардоштани самараи меҳнат, беҳтар кардани сифати маҳсулот, озод кардани инсон аз шароитҳои ба саломатиаш хавфнок, инчунин иҷрои корҳое, ки шароиташон барои инсон дастнорас аст. Равандҳои технологӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, илмию таҳқиқотӣ, молиявӣ ва ғайра автоматонида мешаванд. Дар ҷараёни автоматонӣ истифодаи техникаи компютерӣ ва воситаҳои алоқа хеле муҳим аст.

Сарчашма

вироиш