Хунсоӣ
Хунсоӣ, нармодагӣ, гермафродитизм (аз номи худои Ҳермофрудита (юн.-қад. Ἑρμαφρόδιτος)) — дар як организм мавҷуд будани узвҳои ҷинсии нарина ва модинаро гӯянд. Xунсоӣ дар ҳайвонот табиӣ ва ғайритабиӣ (патологӣ) мешавад. Хунсоии табиӣ асосан дар байни бемуҳраҳо дида мешавад. Ҳангоми чунин навъи Xунсоӣ дар организм ҳам хуҷайратухм ва ҳам нутфа ҳосил мешавад. Хунсоии ғайритабиӣ дар ҳамин гуруҳҳои ҳайвонот ва одам мушоҳида мешавад. Хунсоҳои одам нуқси модарзодист. Хунсоиро бо ҷарроҳӣ ва гормонҳо муолиҷа мекунанд.
Хунсоӣ ҳақиқӣ ва козиб мешавад. Ба хунсоии ҳақиқӣ, ки аҳёнан дучор меояд, мавҷудияти ҳам тухмдону ҳам хоя хос аст. Дараҷаи зуҳури аломатҳои ин ё он ҷинс ба кори ғадудҳои таносул вобаста аст. Ҳангоми хунсоии козиб (псевдогермафродитизм), ки назар ба хунсоии ҳақиқӣ бештар вомехӯрад, ғадудҳои ҷинсӣ тибқи навъи муайян — мардона ё занона ташаккул меёбанд, вале дар сохти узвҳои берунаи таносул тағйирот ба назар мерасад. Дар кӯдак ба мушоҳида расидани гипоспадия (дар поёни нара қарор гирифтани сӯрохи пешоброҳа) якҷоя бо крипторхизм, (чуки норасида), ки клитори калоншударо ба хотир меорад, хоядони дутақсим, ки ба лабҳои калони фарҷ мемонад, аз хунсоии кӯдак гувоҳӣ медиҳад. Барои муайян кардани ҷинси ҳақиқии кӯдак усулҳои махсуси ташхисро ба кор мебаранд. Волидони кӯдаки хунсо бояд бидонанд, ки чунин ноҷурӣ илоҷпазир аст ва ҳарчи зудтар ба пизишк муроҷиат кунанд, муолиҷа ҳамон қадар самараи бештар медиҳад, дар оянда кӯдак камтар осеби рӯҳӣ мебинад. Муайян кардани ҷинси кӯдак дар синни то дусолагӣ мақбултар аст.
Эзоҳ
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.