Хурмои шарқӣ
Хурмои шарқӣ (лот. Diōspyros kāki) — дарахти хазонрез буда, дар бисёр ҷойҳо, аз ҷумла ноҳияҳои Тоҷикистон парвариш карда мешавад.
Хурмои шарқӣ | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Diospyros.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Diospyros kaki Thunb., 1780 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
Анвоъ | ||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
|
Тавсифот
вироишБаргаш калон, сабзи сиёҳтоб, тухмшакли дарозрӯя, нӯгтез. Баъзае навъҳояш бидуни гардолудшавӣ самар меоранд. Дар шароити иқлими Тоҷикистон охири апрел – аввали май гул мекунад. Мевааш калон, лӯнда, дарозрӯя ё паҳн; рангаш зарди норанҷӣ, сурхтоб, мағзаш дорчинии ширин; 6 – 8 тухм дорад. Меваи баъзе навъҳои хурморо баъди 10 – 30 рӯзи ҷамъоварӣ истеъмол мекунанд.
Хосияти шифоӣ
вироишДар тибби халқӣ хурмо ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда истифода бурда мешавад. Онро метавон чун ғизои парҳезона дар мавриди ихтилоли меъда кор фармуд. Магнийи таркиби хурмо ҳосил шудани сангро дар гурдаҳо ва витамини А пайдоиши бемории саратонро пешгирӣ мекунад; витаминҳои С ва Р девораи рагҳоро устувор мегардонад. Хурмо хосияти пешобронӣ дошта асабҳоро ором менамояд, қобилияти кориро баланд мебардорад, барои пешгирии бемории ҷоғар муфид аст.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Persimmon Fruit Facts Бойгонӣ шудааст 25 октябри 2016 сол.