Хурам Суюнов

(Тағйири масир аз Хуррам Суюнов)

Хурам Суюнов (9 январи 1928, Регар) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Узви КПСС аз соли 1951.

Хурам Суюнов
Зодгоҳ ноҳияи Регар, ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1941—1945 колхозчӣ, 1945—1951 сардори звено, 1951—1957 агроном ва аз соли 1964 сарагрономи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Регар. Соли 1948 звенои Суюнов ҳосили фаровони пахта рӯёнд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Суюнов Хуррам // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).