Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло - рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2013)
Хуршеди Атовулло | |
Таърихи таваллуд: | 10 сентябр 1973 (51 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Панҷакент, деҳаи Дашти Қозӣ |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, журналист |
Зиндагинома
вироишХуршеди Атовулло 10 сентябри соли 1973 дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 зодгоҳаш вориди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, соли 1996 бомуваффақият хатмаш кардааст. Солҳои 1996-1999 мухбири рӯзномаи «Чархи гардун», солҳои 1999-2001 мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», солҳои 2001-2003 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», солҳои 2003-2004 ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав», солҳои 2004-2005 сармуҳаррири рӯзномаи «Зиндагӣ», аз августи 2010 то августи 2013 котиби генералии Ассотсиатсияи «Медиа Альянс Таджикистана» будааст. Аз соли 2005 раисии Маркази тадқиқоти журналистӣ ва сармуҳаррир ҳафтаномаи «Фараж»-ро ба зимма дорад.
Эҷодиёт
вироишАсосан дар соҳаи насру публитсистика хомаронӣ мекунад. Муаллифи китобҳои «Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёр», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд», «Санге ба гӯри Лайлӣ» ва ғ. мебошад.
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии матбуот (2001) ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012);
- Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
- Ҷоизаи Кумитаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика (2004);
- Ҷоизаи ОБСЕ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- «Публитсисти беҳтарини сол» (2008);
- «Журналисти беҳтарини сол» (2009).[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 44-45 ISBN 978-99947-2-379-9