Хуршед Низомов (Низомов Хуршед Музаффарович; зод. 11 октябри 1967, Душанбе) — мусиқишинос, найнавоз, ҳунарманди аркестри созҳои халқӣ. Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2014).

Хуршед Низомов
Хуршед Музаффарович Низомов
Таърихи таваллуд 11 октябр 1967(1967-10-11) (57 сол)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мусиқишинос, навозанда

Зиндагинома

вироиш

Хуршед Низомов соли 1986 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1989 Консерваторияи давлатии Тошканд ва 1993 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст.

Корнома

вироиш

Соли 1986 ҳунарманди оркестри созҳои миллии назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавоии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1993—1999 ҳунарманди Оркестри эстрадии «Гулшан», солҳои 1999—2008 омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе, солҳои 2008—2009 мутахассиси пешбари раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг, солҳои 2009—2011 сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011—2013 роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе, солҳои 2013—2014 муовини роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, соли 2014 муовини роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, солҳои 2014—2015 сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг, солҳои 2015—2017 сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017[1]—2020 раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, солҳои 2020—2014 директори Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ барои барномаҳои телевизион ва радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2024 сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Солҳои 2008-2011 дар аспирантураи кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, вобаста ба созҳои миллии тоҷик рисолаҳои мусиқӣ оид ба созҳои миллии тоҷик, ҳунари созтарошӣ, таърихи ташаккули аввалин дастаҳои касбии ҳунарӣ ва муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат дар ҷумҳурӣ ва инкишофи санъати касбии тоҷик китобу маҷмӯаҳо ва мақолаҳоро таълиф намудааст.[2]

Ҷоизаҳо

вироиш

Хуршед Низомов бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2001), медали «Хидмати шоиста» (2007), рутбаи тахассусии «Мушовири хидмати давлатӣ дараҷаи 2» қадр шудааст.[2]

  • Х. Низомов. Созҳои миллии тоҷик ва ҳунари созтарошӣ. – Д.: СИЭМТ, 2012. – 158 с.
  • Х. Низомов. Нақши занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. – Д.: Шарқи озод, 2013
  • Х. Низомов. Амалияи таблиғотӣ дар фаъолияти ҳизбӣ. – Д.: Шарқи озод, 2013
  • Х. Низомов. Интихобот ва истифода аз технологияи муосир. – Д.: Шарқи озод, 2014
  • Х. Низомов. Созшиносӣ. – Д.: Адиб, 2016.
  1. Интихоби раиси нави Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон. asiaplustj.info. ASIA-Plus (1 май 2017). 13 марти 2024 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 259-260 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)