Хушвақтшо Давронов
Хушвақтшо Давронов (тав. 24.02.1946, ноҳияи Дарбанд), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1990), дотсент (1994).
Хушвақтшо Давронов | |
Таърихи таваллуд | 20 июл 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарбанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Зиндагинома
вироишСоли 1971 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1971–1972 муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи №2 ноҳияи Дарбанд, 1972–1974 муаллими кафедраи таърихи ИҶШС, 1974–1995 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ, 1995–2005 мудири кафедраи таърихи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 2005–2010 ҳамчун дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ, сардори департаменти таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ, муовини ректори Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон кор кардааст. Айни ҳол дар Донишкадаи молияи Тоҷикистон ҳамчун мудири шуъбаи илм ва равобити байналмилалӣ фаъолият дорад. Муаллифи 2 асар, зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Оид ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии аморати Бухоро дар охири асри XIX ва аввали асри XX кори илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Осор
вироиш- Мақоми Аморати Бухоро дар тавлидот ва содироти пилаю абрешим дар курраи арз (Аз оғоз то ибтидои садаи XX) // Ахбори АИ ҶТ, Д., 2006, №3;
- Андоз аз раъият дар нигоҳи амир ва амалдорони давлатӣ дар Аморати Бухоро // Ахбори АИ ҶТ, Д., 2010, №4.