Хушқадам Қамариддинов
Хушқадам Қамариддинов — пизишк, олим, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский.
Хушқадам Қамариддинов | |
Таърихи таваллуд | 26 май 1933 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ишкошим ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 9.95.2018 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишХушқадам Қамардинов 26 майи соли 1933 дар ноҳияи Ишкошими ВАБК, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 факултети муолиҷавии Институти тиббии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон) хатм кард. Солҳои 1958-1960 ҷонишини сардухтури беморхонаи райони Ишкошим кор кардааст. Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР 1968. Солҳои 1964-1978 ассистент, 1978-1980 доцент ва аз соли 1980 мудири кафедраи бемориҳои сироятии Институти тиббии Тоҷикистон. Соли 1985 инфексионисти шӯравӣ, доктори илмҳои тиб, соли 1986 профессор.Раиси Ҷамъияти илмии инфексионистони ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1981) ва Саринфексионисти Вазорати нигаҳдории тандурустии республика (аз 1985).
Фаъолияти илмӣ
вироишҚамардинов муаллифи бештар аз 70 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаи паразитология, инчунин паҳншавӣ, ҷараён ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ оиданд. Хушқадам Қамардинов паҳншавӣ ва усулҳои муолиҷаи фастиолёз (яке аз намудҳои киҷҷаи ҷигар)- ро муфассал тадқиқ кард.
Хизматҳои Қамардинов Х.Қ. бо нишони Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС, нишони Аълочии неруҳои сарҳадии ИҶШС (дараҷаи I ва II), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский буд.
Осор
вироиш- Клиника опасных инфекционных болезней. – Душанбе,2007. – 198 с.
- Бемориҳои сироятӣ / Х.К. Қамариддинов, Э. Р. Раҳмонов, А.Аҳмадов. – Душанбе,2000. – 184 с.
- Озмоишҳо (санҷишҳо) барои назорати донишҷўён дар дарсҳои амали аз фани бемориҳои сирояткунанда / Қамариддинов, Х.К., Тошов, М.К. – Душанбе: Наҷот. – 1993. – 69 с.
- Советская медицина в борьбе с инфекционными заболеваниями. – Душанбе: Знание, 1980. – 20 с
- Фасциолез человека в Таджикистане: Автореферат. – М.,1984. – 28 с.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ёде аз профессор Хушқадам Қамариддинов(тоҷ.). kmt.tj. 3 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2019.