Чашмаи Элок — чашма дар деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Обаш ҳамеша сард ва софу зулол мебошад.

Бинои пурнақшу нигор дар болои ЧАШМАИ ЭЛОК
Бинои пурнақшунигор бар рӯйи Чашмаи Элок
Обшори Чашмаи Элок

Таърих

вироиш

Соли 1976 бо ташаббуси директори ҳамонвақтаи совхоз С. Ғиёсов ва ёрию дастгирии сокинони маҳал дар болои чашма аз тарафи устоҳои гулдасти исфарагӣ А. Сироҷов, X. Ахмедов, К. Холиқов бинои зебои пурнақшунигор сохта шуд. Ба муносибати ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 80-солагии ноҳияи Файзобод бинои чашма аз нав таъмир карда шуд. Ин мавзеъ макони пазироии меҳмонон гаштааст. Сокини деҳаи Элок Акбар Раҳимзода дар васфи ин чашма гуфтааст:

Биё ин ҷо бинӯш оби зулоли чашмасорашро,
Тамошо кун бинову манзару нақшу нигорашро.
Ба сони гулшану боғу чаман зиннатфизо бошад.
Диёри сайргоҳи бехазон, фасли бахорашро.

Чашмаи Элок дар филмҳо

вироиш
 
Чашмаи Элок дар телефилми «Завқи ҷавонӣ», 1983.

Чашмаи Элок дар замони шӯравӣ дар навори сурудхонии бархе аз овозхонони тоҷик ва чанде аз филмҳо сабт шудааст. Баъзе саҳнаҳои филми телевизиюнии «Завқи ҷавонӣ» (1983) дар ҳамин Чашмаи Элок ба навор гирифта шудааст. Дар филм намои Чашмаи Элок, тарбузҳои даруни об, рақси Саида Файзалиева, ҷамъи меҳмонон бараъло намуддор аст[1].

Нигаред низ

вироиш
  1. Филми «Завқи ҷавонӣ». youtube.com (22 августи 2022).

Адабиёт

вироиш
  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.