Чашмасор
Чашмасор— (номи пештарааш Субулоқ ), деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасор. Аз деҳа то маркази ноҳия 16 км. Аҳолиаш 1102 нафар (2010), тоҷикон. Аз 148 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ № 34 ба номи Лоиқ Ибодов, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, хонаи саломатӣ, китобхона, 75 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 мағозаи хусусӣ (яктоаш мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмон), нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 ошхона, осиёи обӣ, сартарошхона, дорухона, муассисаи таъмири роҳҳо, масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ машгуланд. Заминҳо аз чашмаҳо ва дарёчаи Элок обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳаи Чашмасор | |
---|---|
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Чашмасор |
Аҳолӣ | 1102 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 148 |
Раис | Саймиров Абдурозиқ |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.