Ибни Сино

(Тағйири масир аз Сино)

Абӯалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино машҳур ба Абӯалӣ ибни Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; тақрибан 980[1][2][3], Афшона, Мовароуннаҳр, Давлати Сомониён[1]18 июн 1037, Ҳамадон, Kakuyids[d][1]) — яке аз бузургтарин донишмандону пизишкони садаҳои миёна дар ҷаҳон; ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, равоншинос, файласуф ва муаллими бузурги форсу тоҷик[5][6][7][8][9][10] аст.

Ибни Сино
форсӣ: ابن سینا
Таърихи таваллуд тақрибан 980[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 июн 1037
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ, атрдармонӣ[d], фалсафа, мантиқ, илми калом, шеър, илоҳиёт, улуми Замин[d], фалсафаи илм[d], физик, равоншиносӣ, ахтаршиносӣ, кимиё, заминшиносӣ ва механика
Шогирдон Баҳманёр, Абулқосим Абдурраҳмон ва Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.

Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Зиндагинома

вироиш

Ҳаёти барвақтӣ ва таҳсилот

вироиш
 
Нусхаи лотинии «ал-Қонуну фи-т-тиб»

Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда, дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомониён Нӯҳи II ибни Мансур (976-997) кор мекард. Аз ин рӯ, писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи олӣ дошт, ки дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ оварда, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеч чизе намонда буд, то биомӯзад.

Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абӯубайд Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшона (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшона бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.

Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшона ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуд.

Минбаъд Ибни Сино лақаби Шайхро гирифт, зеро дар касе, ки Қуръонро аз ёд мекард ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омӯхтанд. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин, Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура ӯ истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.

Абӯалӣ илми тибро аз Абӯмансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абӯсаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илохӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абӯалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷидди ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард. Доир ба таҳсили илм мегуяд:

  Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам.  

Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:

  Чун ба 17-солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи ин илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст.  

Абӯали ибни Сино ҳақ дошт, ки он вақт бигӯяд:

 
از قعر گل سیاه تا اوج زحل
کردم همه مشکلات گیتی را حل
بیرون جستم زقید هر مکر و حیل
هر بند گشاده شد مگر بند اجل

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
 

Мероси илмӣ ва адабӣ

вироиш
 
Нусхаи арабии Ал Қонун-фит-Тиб

Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:

  1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.
  2. Асарҳо оид ба тиб.
  3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
  4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.

Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, ҳайат ва мусиқӣ таркиб ёфтааст.

Нусхаи хаттии «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1030 дар Бағдод навишта шудааст, имрӯзҳо дар Институти дастхатҳои Академияи улуми Озарбайҷон,Боку маҳфуз аст.

Ибни Сино — адиб

вироиш

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомӯзи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рӯнамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки роҷеъ ба масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ эҷод шудаанд, манзур мегардад:

  Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме!
 
  Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун,
Дар махзани рӯзгор гардад махзун.
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр.
 
  Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
 
  Эй нафс, ки бастаи ҳавои ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.
 
  Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.
 
  Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
 
  Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан,
Аҷноси малоика – хавоси ин тан.
Аҷром аносиру маволид аъзо,
Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама фан.
 
  Бо ҳар хасе зи рӯи ҳаво дӯстӣ мадор,
Дар кӯи мардумон зи паи дӯстӣ мапӯй.
Гар боядат, ки кам нашавад обрӯи ту,
Фармону ихтилоти фурӯмоягон маҷӯй,
 
  Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос,
Ҷуз зоти ту нест ҳеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунҳи зотат раҳ нест,
Бар феъли ту мекунанд зоти ту қиёс.
 
  Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад
 

Ёддошт

вироиш

Некдошти устод

вироиш

Дар Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино бо қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино — ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, майдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо гузошта шудаанд.

  • Соли 1999 пули миллии Тоҷикистон, 20 сомонӣ бо расми Ибни Сино баромад.
  • Дар соли 1980 дар ҶШС Ӯзбекистон 1000 солагии Ибни Сино ҷашн гирифта шуд ва китоби «Канон врачебной науки» дар 5 ҷилд аз чоп баромад.
  • 4 июли соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон қуллаи Ленин ба номи Абӯалӣ Ибни Сино гузошта шуд.
  • Карл Линней ба шарафи Ибни Сино номи растаниеро Авитсенна гузошт.

Ибни Сино дар синамо

вироиш

Нигористон

вироиш

Адабиёт

вироиш
Нашри эҷодиёти ӯ, бо забони русӣ
  • Ибн Сина. Даниш-намэ. Книга знания. — Сталинабад, 1957.
  • Ибн Сина. Канон врачебной науки : В 5 т. — Ташкент, 1956—1960.
  • Ибн Сина. Математические главы «Книги знания». — Душанбе, 1967.
  • Серебряков С.Б. Трактат Ибн Сины (Авиценны) о любви. — Тбилиси: Мецниереба, 1976.
  • Ибн Сина. Избранное. — М.: Книга, 1980.
  • Ибн Сина. Избранные философские произведения. — М.: Наука, 1980.
  • Аль-Бируни, Ибн-Сина. Переписка. — Таш­кент: Фан, 1973.
Нашри эҷодиёти ӯ, бо забони тоҷикӣ
Дар хусуси ӯ
  • Ахадова М. А. Арифметическая часть «Книги знания» Ибн Сины. Геометрическая часть «Книги знания» Ибн Сины // Учёные записки Бухарского госпединститута. — 1964. — № 12.
  • Джибладзе Г. Н. Системы Авицены: Абу Али Ибн-Сина. Экзотерический очерк. (Некоторые обобщения и материалы). — Тбилиси, 1986.
  • Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины. — Душанбе, 1985.
  • Завадовский Ю. Н. Абу Али Ибн Сина: Жизнь и творчество. — Душанбе, 1980.
  • Лютер И. О. Метафизика Ибн Сины: угол — отношение, качество, положение или всё-таки количество? // Историко-математические исследования. — 2003. — № 8(43). — С. 278—302.
  • Петров Б. Д. Ибн Сина (Авиценна). — М.: Медицина, 1980.
  • Сагадеев А. В. Ибн Сина (Авиценна). — М., 1985.
  • Шидфар Б. Я. Ибн Сина. — М., 1981.
Бо дигар забонҳо
  • Gardet L. La pense religieuse d Avicenne (Ibn Sina). — Paris, 1951.
  • Morewedge P. The metaphysica of Avicenna. — London, 1973.
  • Nasr S.H. Three Muslim Sages. Avicenna. — Suhrawardi — lbn Arabi. — Cambridge (Mass.), 1964.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Авиценна (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 82.
  2. 2.0 2.1 Сина, Абу-Али ибн-Хусейн ибн-Абдалла ибн- (рус.) // Еврейская энциклопедияСПб.: 1913. — Т. 14. — С. 254.
  3. 3.0 3.1 Авиценна (рус.) // А — Аколла — 1926. — Т. 1. — С. 174—175.
  4. http://www.britannica.com/EBchecked/topic/45755/Avicenna/517/Additional-Reading
  5. * Paul Strathern (2005). A brief history of medicine: from Hippocrates to gene therapy. Running Press. p. 58. ISBN 978-0-7867-1525-1. (пайванди дастнорас)
  6. * Brian Duignan (2010). Medieval Philosophy. The Rosen Publishing Group. p. 89. ISBN 978-1-61530-244-4. 
  7. * Michael Kort (2004). Central Asian republics. Infobase Publishing. p. 24. ISBN 978-0-8160-5074-1. 
  8. * Ibn Sina («Avicenna») Encyclopedia of Islam. 2nd edition. Edited by P. Berman, Th. Bianquis, C.E. Bosworth, E. van Donzel and W.P. Henrichs. Brill 2009. Accessed through Brill online: www.encislam.brill.nl (2009) Цитата: «He was born in 370/980 in Afshana, his mother’s home, near Bukhara. His native language was Persian.»
  9. * A.J. Arberry, «Avicenna on Theology» — KAZI PUBN INC, 1995. excerpt: «Avicenna was the greatest of all Persian thinkers; as physician and metaphysician»
  10. * Henry Corbin, «The Voyage and the messenger: Iran and Philosophy». — North Atlantic Books, 1998. — P. 74 Цитата:«Whereas the name of Avicenna (Ibn sinda, died 1037) is generally listed as chronologically first among noteworthy Iranian philosophers, recent evidence has revealed previous existence of Ismaili philosophical systems with a structure no less complete than of Avicenna».
  11. Филми «Ҷавонии Бузургвор»(рус.) на сайте youtube.

Сарчашма

вироиш