Чиннигул (Мухаллас)

Мухаллас – (лот. Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ), ки чиннигул ва чӯпончояш ҳам мегӯянд, Растании доруворӣ. Дар илми тиб истифода бурда мешавад.

Макон

вироиш

Қариб дар ҳама ҷойи Тоҷикистон (ба ғайр аз гилзамин ва шӯразаминҳо), бештар дар шахпора ва ҷойҳои сангрезадору ров(а)зор, тотинзор, хомазор, ҷорӯбзор, кокӯтизор ва ғ. дар намуди буттаи серпояи бисёрсолаи бешохча мерӯяд. Мухаллас сарвати бебаҳои Тоҷикистон аст. Гиёҳ аз тухм дер ба воя мерасад, барои ҳамин аз гиёҳғундорон хоҳиш карда мешавад, ки мухалласро бо решааш наканда, даравида гиранд!

МУХАЛЛАС (Чиннигул)

вироиш

Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, баландиаш аз 20 то 60 сантиметр мешавад. Аз ҳар гиреҳи поя барг мебарорад чун сари барги гандуми майса ба дарозӣ то 2-3 сантиметр. Дар охири ҳар соқ яктоӣ кӯсак дорад ба тӯлонии якуним-ду сантиметр ва ғафсии он ба андозаи ҷуволдӯз аст. Дар нӯги ҳар як кӯсак гул мекунад: сепарра, рангаш сафед ва пуштӣ. Ҳамин кӯсак ғилофаки тухмҳояш мебошад. Ин рустаниро дар маҳалҳои гуногун тоҷикон мухаллиса, махлас ва махласкаҳ низ меноманд. Тоҷикони шимол «чинигул» мегӯяндаш. Дар заминҳои шӯранадоштаи доманаҳои кӯҳсор, дар ҷоҳои хокдори кӯҳҳо, адирҳо ва инчунин дар ҳамвориҳои намнок мерӯяд. Ин гиёҳи бисёрсола мебошад, ҳар сол аз решааш месабзад ва аз тухмаш низ пайдо мегардад.. Ин намудҳои гуногун дорад. Ҳангоми гул карданаш қисми рӯйизаминии онро даравида мегиранду дар соя хушк мекунанд. Мувофиқи даъвои муаллифони як қатор китобҳои тибби қадим мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Вале мо мегӯем, ки дар дараҷаи дуввум сард аст. Зеро ки ягон давои гарммизоҷ фишори баланди хунро паст намекунад, балки баръакс, баланд мегардонад. Аммо мухаллас фишори баланди хунро паст мегардонад.

Сифати доругӣ

вироиш

• агар инро як ҳафта ё камтар аз он ба ҷойи чой дам карда ё дар об ҷӯшонида биёшоманд (бояд ки гармогарм бинӯшанд), фишори баланди хунро паст мекунад. Илова бар ин рагҳои хунгард агар сахт шуда бошанд, ислоҳ мебахшад; • инчунин қулинҷҳои шадиде, ки варам ва дард кардани рӯдаҳои ғафс мебошад, дафъ мекунад; • дар ҳар як ҷойи бадан: дар ҷигар, рӯдаҳо, мағзи сар ва ғайра манфазҳо, ахлоти часпак, ки касалиҳои бисёрро ба амал меоваранд, ҷой гирифта бошанд, онҳоро ба таҳлил дода хориҷ месозад; • агар меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳо суст гашта бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад, ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавӣ мегардонад ва ба дараҷае солим месозад, ки одам бидуни ёрии ягон даво нони қоқро ҳам бе чою об хойида хӯрдан мегирад; • нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро сиҳат мекунад; • мардон ва заноне, ки фарзанд намеёфта бошанд, инро истеъмол намоянд, фарзанд меёбанд; • қуввати мардиро, ки дар одамони ҷавон барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; • дар натиҷаи корҳои фикрӣ асабҳо суст гашта бошанд, аз нав қувват мебахшад; • касро ҳушёр ва зеҳнро тез мекунад, пуртоқат мегардонад ва ҳофизаро қувват мебахшад. Зимнан як чизро хотиррасон намоем, ки ҳашароти гаҳвораҷунбон дар вақти тухм бастани мухаллас аз куҷое пайдо мешаваду ғилофи тухми ин гиёҳро сӯрох намуда тухмашро мехӯрад. Дар хусуси ҷасорат, ҳушёрӣ ва пуртоқатии ин ҷонвар худи табиатдӯстон ба дараҷаи аъло медонанд. • Инчунин ин гиёҳро чой карда нӯшида гарданд, дар натиҷаи иллати асабҳо ва вайрон шудани низоми ивазшавии моддаҳо мӯйи сар пеш аз вақт сафед гашта бошад, аз нав сиёҳ мегардонад (бо худи ман ин ҳодиса рӯй дода буд); • дар ҳар як ҷойи аъзо, пайвандҳо (буғумҳо), по ва ғайра дард пайдо шавад, бартараф меронад, инчунин дарди пушт, дарди шона, дарди ронҳо ва дигар дардҳои пайдошударо дафъ мекунад. • Ҳар гуна хунравиҳоро қатъ месозад, ҳатто омадани ҳайзро ҳам дар занҳо бозмедорад. • Агар аз 3,5 то 7 грамми онро кӯфта ё чой барин дам карда бихӯранд, чӣ навъе ки ба онҳо заҳр расида бошад: хоҳ аз мори шохдор (ин қаттолтарин морҳост), хоҳ аз каждум, хоҳ аз ғунда ва ғайра бошад, қувват ва таъсири заҳрро аз бадан дафъ мекунад, ҳатто агар заҳр дода бошанд ҳам, аз он наҷот медиҳад, хоҳ пеш аз заҳр расидан (ё хӯрдан) ва ё баъд аз он бошад, монеи таъсир мешавад ва дафъи зарари он мекунад. Инчунин хилти сафроро, ки дар бадан ҷамъ шуда, азият расонида бошад, меронад ва дарунро нарм мекунад, рӯдаҳоро пурқувват мегардонад. Агар дар рӯзҳои аввали даройиши моҳи ҳамал то се рӯз муттасил 4,5 граммӣ тухмашро кӯфта бихӯранд, дар ҳамон сол чӣ навъе, ки заҳр бирасад ва ё бихӯранд, таъсир намекунад ба истеъмолкунандааш. • Агар мавсими чидани ин гиёҳ гузашта бошад, решаашро шуста, ҷӯшонида, он обро истеъмол фармоянд ҳам, таъсири дар боло зикрёфтаро дорад, балки қавитар аз он аст. Бояд қайд кард, ки чойи ин гиёҳ ҳангоми аввалин бор нӯшидан пиёлаи якумаш як андоза бӯйи алафро, ҳатто бӯйи мушро медиҳад, вале дар вақти нӯшидани пиёлаи дуввумаш ва минбаъд ба табъ чунон мефорад ва мегуворад, ки чӣ миқдор бисёр нӯшида гарданд, ҳамон қадар зиёда баҳри дилро мекушояд, ҳамон қадар ҳаловатбахш аст ва ҳамон қадар табиат онро мекашад. Инак, агар инро ҳар чӣ қадар бисёр истеъмол кунанд ҳам, зарар намерасонад. Ҳамаи ин хислатҳояш дар амал озмуда шудаанд. Аз гиёҳи мухаллас бо воситаи асбоби анбиқ арақ ҳам мекашанд. Вале арақи ин чун дигар шаробҳо масткунанда нест. • Нӯшидани ин арақ узвҳои дағалгаштаи дохилиро нарм мегардонад, модда ва ахлоти бегонаи дар бадан ғализшударо таҳлил медиҳад; • мағзи сар, меъда, ҷигар, асаб ва ғадудҳои мардиро пурзӯр мекунад, қулинҷи шадидтаринро мекушояд. Агар ин рустанӣ зироат карда шавад, барои тандурустии одамият манфиатҳои бисёре меоварад.

Сарчашма

вироиш

Ҳомидҷон Зоҳидов. Канзи шифо. – Д.: Ирфон, 1991. — 720 с. саҳ. 506-509

Нигаред низ

вироиш

Печак

Пайвандҳо

вироиш

Мухаллас