Чордеҳ (деҳа, н. Исфара)

Чордеҳ[1] (то 21.06.2021 — Чорқишлоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зумради ноҳияи Исфара. Аз Чорқишлоқ то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 3 км. Аҳолиаш 4016 нафар (2017).

Деҳа
Чордеҳ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Исфара
Ҷамоат Деҳоти Зумрад
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Чорқишлоқ
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4016 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3462

Дар ҳудуди деҳа мактаби № 16, клуб, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва урдугоҳи ҶС «Тамохуш-ЗГМИ» ҷой доранд. Соҳаи асосии хоҷагӣ сабзавоткорӣ, галлапарварӣ, боғдорӣ ва кирмакпарварист. Аҳолиаш дар хоҷагии ба номи Ленин кор мекунанд, қисман дар корхонаю ташкилотҳои шаҳр фаъолият доранд. Заминҳои корамаш аз дарёи Исфара об мехӯранд.

  1. Sputnik Тоҷикистон. Сангвор номи Заршӯёнро гирифт: нашри қарорҳои тағйири ном дар Суғд, Нуробод ва Сангвор(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20210622T1836+0500). 13 сентябри 2022 санҷида шуд.

Сарчашма

вироиш