Шабакаи Ҳаққонӣ — як созмони терруристии мустақили бузург дар Афғонистон аст, ки бо иттиҳод бо Толибон, ҷанги чирикиро алайҳи нерӯҳои давлатӣ ва ҳамчунин нерӯҳои НАТО анҷом медиҳад. Бунёнгузори ин ҷунбиши ифротӣ шахсияти мазҳабии мавлавӣ Ҷалолуддин Ҳаққонӣ буд.

Шабакаи Ҳаққонӣ
Таърихи ташкилёбӣ тақрибан 1970

Дар даҳаи 1980, дар оғоз фаъолияти худ, «Шабакаи Ҳаққонӣ» бо нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон мубориза кард. Идеулужии созмон миллигароӣ ва ​​родиколисми мазҳабӣ аст. Пас аз хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз кишвар, «Шабакаи Ҳаққонӣ» бо ҷунбиши терруристии Толибон эътилоф кард. Онҳо бо ҳам ба думболи барчидани назми секулор ва истиқрори ҳукумати шаръӣ дар саросари кишвар буданд.

Дар ҳоли ҳозир сарпарастии ин гурӯҳи терруристиро писари марҳум Ҳаққонӣ — Сироҷуддин бар уҳда дорад. Ин созмон дар марз бо Покистон мустақар аст (дар ҳоле, ки Раҳмон Молик вазири кишвари Покистон назари CIA-ро мабнӣ бар эҷод, ҳимоят ва омӯзиши ин шабакаи терруристӣ тавассути Покистон рад мекунад[1][2][3][4]).

  1. Defiant Pak refuses to go after Haqqanis, timesofindia.indiatimes.com (September 27, 2011). Проверено 27 сентябри 2011.
  2. CIA created Haqqani network: Rehman Malik, dawn.com (25 September 2011). Проверено 26 сентябри 2011.
  3. Haqqani network created by the CIA: Rehman Malik, tribune.com.pk (25 September 2011). Проверено 26 сентябри 2011.
  4. CIA, not Pakistan, created Haqqani network: Malik, thenews.com.pk (September 26, 2011). Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2011  сол. Проверено 26 сентябри 2011.