Ҷалолуддин Ҳаққонӣ

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ (пашту: جلال‌الدین حقانی‎; 1939, вилояти Пактиё, Подшоҳии Афғонистон3 сентябр 2018[1], вилояти Хуст, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон[2]) — ҷангсолори афғон ва аз фармондаҳони Толибон буд, ки раҳбарии «Шабакаи Ҳаққонӣ»-ро бар уҳда дошт.

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ
пашту: جلال الدين حقاني
Зодрӯз 1939
Таърихи даргузашт 3 сентябр 2018(2018-09-03)[1]
Мансубият

Аз Ҷалолуддин Ҳаққонӣ ба унвони дувумин шахсияти муҳимми Толибон пас аз Мулло Умар ёд мешуд ва гуфта мешавад мубтакири токтики бумбгузориҳои интиҳорӣ дар Афғонистон будааст.

Зиндагинома

вироиш

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ дар ҳудуди соли 1939 дар вилояти Пактиё дар хонаводае аз қабилаи задрони қавми паштун ба дунё омад. Дар даврони ҳукумат Довудхон ба Покистон рафт ва бо оғози қиёми муҷоҳидини афғон алайҳи ҳукумати Афғонистон таҳти амри Мавлавӣ Юнус Холис даромада ва ба унвони яке аз фармондаҳони Ҳизби исломии Афғонистон — шохаи Холис дар ҷанг бо Шӯравӣ ширкат дошт.

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ дар даврони ҷиҳод бо Шӯравӣ бо сервисҳои иттилоотии Покистон, Арабистон ва Амрико дар иртибот буд. Аз назари онҳо Ҳаққонӣ як ҷангҷӯи бисёр шуҷоъ, коромад ва сарсахт буд ва дар натиҷа саҳми қобили таваҷҷуҳе аз кумакҳои онҳо ба муҷоҳидин шомили миллиюнҳо дуллор кумаки нақдӣ ва таҷҳизоти низомӣ, ба ӯ расид. Ҳаққони робитаи наздике низ бо муҷоҳидини араб дошта ва ҳомии онҳо дар Афғонистон буд. Вай дар ҳамин даврон бо Усома ибни Лодан ошно шуда ва иртиботи наздике бо ӯ пайдо кард. Вақте, ки «Алқоъида» дар тобистони 1988 таъсис шуд, нахустин пойгоҳҳои он дар минтақа таҳти контроли Ҳаққонӣ ва бо назорати шахсии ӯ эҳдос шуд. Нахустин шаҳре, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар давлати Наҷибуллоҳ ба тасарруфи муҷоҳидин даромад, шаҳри Хӯст буд, ки Ҳаққони дар соли 1991 онро бо кумаки густурдаи покистониҳо фатҳ кард[3].

Бо ба қудрат расидани Толибон ӯ низ ҷазб онҳо шуд ва дар даврон ҳукумат Толибон низ ба унвони вазири равобити қабоилӣ ва вазири кишвар дар Давлати Исломии Афғонистон анҷоми вазифа мекард, ҳарчанд ҷузъу ҳастаи аслии раҳбарони Толибон маҳсуб намешуд, ба ҳамин ҷиҳат Созмони иттилооти низомии Покистон ва CIA пас аз ҳодисаи 11 сентябр талоши номувафақь карданд, то ӯро аз Толибон ҷудо кунанд. Вай дар даврони пас аз суқути Толибон ба ҷанг бо муттаҳидони собиқи худ, яъне покистониҳо ва амрикоиҳо рӯй овардааст. Ҳаққони минтақа Вазирстони Шимолиро пойгоҳи аслии худ сохта ва аз муҳиммтарин тарроҳони ҳамалоти Толибон алайҳи нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон маҳсуб мешуд[4].

Ҳаққони дорои ду ҳамсар, яке афғон ва дигаре араб буд. Гуфта мешавад ҳамсари араби ӯ дар Иморот зиндагӣ мекунад. Сироҷуддин Ҳаққонӣ писараш низ дар канори вай дар ҷанг алайҳи давлати Афғонистон фаъол буд ва раҳбарии «Шабкаи Ҳаққонӣ»-ро бар уҳда дорад.

Даргузашт

вироиш

Ду рӯз пас аз таъйиди хабари марги Муҳаммад Умар, шабакаи Бӣ-бӣ-сӣ аз қавли як манбаъи мувассақ эълом кард, ки ҶалолуддинҲаққонӣ, бунёнгузор ва раҳбари «Шабакаи Ҳаққонӣ» ҳудуди як сол пеш ба далели беморӣ даргузашта ва дар яке аз вилоятҳои Афғонистон ба хок сипурда шудааст[5].