Шáби Ялдó (форсӣ: شب یلدا‎), Шаби Чилла (форсӣ: شب چله‎) — дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар (22 декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад. Шаби Ялдоро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23027) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меоянд. Эрониён бахшида ба ҳамин сана шабнишиниҳо барпо мекарданд.

Шаби Ялдо
Таҷлил
Сана 20 декабр
 Парвандаҳо дар Викианбор
Бонуи эронӣ дар канори мизи Ялдо девони Ҳофиз мехонад.

Риштаи ном ва дигар вожаҳо

вироиш

Вожаи «ялдо» аслан аз забони сурё­нӣ буда, маънои валодат ё таваллудро дорад. Яъне дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст, чун ӯ эзади рӯшноӣ ва фурӯғ буд, аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дарозшавӣ сар мекардаанд.

Решашиносии вожаи ялдо

вироиш

Ялдо баргирифта аз вожаи сурёнӣ ܝܠܕܐ ба маънои “зоиш” аст. Абурайҳони Берунӣ аз ин ҷашн бо номи “Мелоди акбар” ном бурда ва манзури онро “Мелоди хуршед”донистааст. Шаби ялдо, дар давраи ҳукумронии Дорюши якум дар соли 502-юми қабл аз мелод ба тақвими эрониён дохил карда шуд. Торикӣ намояндаи Аҳриман буд ва чун дар тӯлонитарин шаби сол торикии аҳриман бештар мепояд ин шаб барои эрониён шаби наҳс ба ҳисоб рафта, вақте он фаро мерасид ҳатман оташ меафрӯхтанд. То қувваҳои аҳриманӣ бигурезанд. Бо меваҳои тар ва хушк дастурхон меоростанд.

Асотир

вироиш
 
Суфраи шаби Ялдо

Дар асотир ва боварҳои қадимии эрониён гуфта шудааст, ки Меҳр аз нуре, ки аз паси кӯҳҳои Албурз метобад, тавлид шудааст. Эрониёни Қадим дар Шаби Ялдо ба домани ин кӯҳ мерафтаанд, то ки субҳ шафақи сурхро ҳамчун намоди таваллуди Меҳр мушоҳида намоянд. Ӯ бар тан зиреҳи зарин ва бар дӯш сипари симин ва дар даст гурзе гарон дорад. Бар гардунаи минуии бо ситораҳо мунаққаш, ба чаҳор аспи сафеди намиранда, ки наълҳои зарин ва симин доранд, савор аст.

Ялдо тӯлонитарини шабҳои сол ва оғози инқилоби шатавист (зимистонӣ), ки пас аз он офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадй таҳвил мешавад ва рӯзҳо андак-андак баландтар (дарозтар) мешаванд. Ин тӯлонитарин шаби сол дар назари эрониён наҳс буд, зеро илова бар сармои сахти зимистонӣ дар ин шаб ҳамлаи аҳремани торикӣ идома меёфт. Барои дафъи ин нуҳусат эрониён то бозомадани хуршед ба даври оташ шодӣ мекарданд ва хон мегустарданд ва маязд нисор мекарданд, ки бозмондаи ин расм ҳанӯз барҷой аст. Кирмониҳо муътақид буданд, Қорун ба шакли ҳезумшикане шаб ба дари хонаҳо меояд ва ҳезум ба онҳо медиҳад, ки ин ҳезумҳо ба шимши (хишти) тило табдил мешаванд ва бино бар ин то субҳ бедор мемонанд. Ин маросим ёдовари Бонуил дар Крисмус аст ва мерасонад, ки Ялдои эронӣ ва Крисмус аз як моя сарчашма гирифтаанд. Дар адабиёти форсӣ шуаро зулфи ёр ва ҳамчунин рӯзи ҳиҷронро аз ҳайси сиёҳӣ ва дарозӣ ба шаби ялдо ташбеҳ мекунанд ва аз ашъори бархе аз онҳо монанди абёти зер аз Муъиззӣ ва Саноӣ низ робитаи байни Масеҳ ва Ялдо дарк мешавад:

 

Эзади додор меҳру кини ту, гӯӣ,

Аз шаби Қадр офариду аз шаби Ялдо.

З-он ки ба меҳрат бувад тақаррруби муъмин,

З-он ки ба кинат буват тафохури тарсо.
Муъиззӣ
 


 

Ба соҳибдавлате пайванд, агар номе ҳамехоҳӣ,

Ки яке аз чокарий Исо чунон маъруф шуд Ялдо.
Саноӣ
 
Шояд ба асоси ин байт буда, ки соҳиби «Бурҳони қотеъ» :пиндошта, ки Ялдо номи яке аз мулозимони ҳазрати Исо (а) будааст

Назари донишманди тоҷик Рустам Ваҳҳоб дар бораи шаби ЯЛДО

.

Ялдо дар Тоҷикистон

вироиш

Дар бисёр манотиқи Эрон ва Тоҷикистон мардум зимистонро ба ду чилла: калон ва хурд ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи калонро ба Шаби Ялдо баробар медонанд. Аз ин хотир, таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст.

Ялдо дар Эрон

вироиш

Ҳоло дар бисёр устонҳои Эрон шаби дарозтарини солро бо номи Шаби Ялдо муаррифӣ мекунанд ва дар ин шаб ғизоҳои махсус тановул карда, амалу одатҳои сун­натиро иҷро менамоянд. Дар рӯйи суфраи маросими Шаби Ялдо меваҳои сурхранги себ, анор, ангур ва қанду мағзу мавиз мегузоранд. Яке аз неъматҳои шартии ин дастархони ҷашнӣ тарбуз (ҳиндувона) мебошад. Аз таомҳо оши шир, биринҷ, мурғ бештар таҳия ва тановул мегардад, ки аксаран ранги сафед, зард ва ё сурх доранд. Албатта, ҳар як мева ё ғизое, ки дар суфраи маросимӣ ниҳода мешавад, рамзи хоссеро ифода мекунад. Чунончи, ранги сурхро ҳамчун рамзи шафақ ва тулӯъи офтоб, яъне таваллуди хуршед маънидод мекунанд.

Хуросон

вироиш

Мардуми устони Хуросон дар ин шаби муқаддас бедор мемонанд ва ба ибодату қироати Қуръони маҷид мепардозанд. Дар бисёр деҳаҳо ҷавонон қиссахонӣ, шоҳномахонӣ ва саргармиҳои дигаре чун фолкушоӣ, чистонёбӣ, шеърхонӣ барпо мекунанд.

Бурдани ҳадя ба арӯс ба унвони «Шаби чиллаӣ» аз унсурҳои дигари маросими Шаби Ялдо дар ҷануби устони Хуросон аст. Дар ин шаб барои духтароне, ки ба тозагӣ номзад шудаанд, аз тарафи хонаводаи домод ҳадяҳо фиристода мешаванд ва хонаводаҳои арӯсу домод даври ҳам ҷамъ меоянд.

Ялдо дар Аврупо

вироиш

Маросими таваллуди Митро ба унвони як рӯзи муқаддас бо оини Меҳр ба Урупо рафт. То он замон ҷашни таваллуд ва таъмиди Масеҳ рӯзи шашуми жонвия гирифта мешуд. Пас аз он ки масеҳият нуфуз ёфт ва бисёре аз одобу русуми меҳрӣ дар он ҷазб шуданд, мелоди Меҳр, ки ба эътиқоди меҳрпарастон наҷотдиҳандаи башарият дар охируззамон хоҳад буд, ба Масеҳ мунтасаб гашт ва бо густариши масеҳият дар Шарқ муҷададдан ба Эрон боз гашт ва «Шаби ялдо» номида шуд. Шаби ялдо ё Шаби Чилла дар оғози зимистон ва пешонии чиллаи бузург барои гоҳшумории Эрони қадим падид омада ва дар китобҳои нуҷум, аз ҷумла осори Берунӣ аз он сухан рафтааст.[1]

Дини меҳрпарастӣ дар замони ҳукумати Ашкониён аз сарзамини Эрони бузург ба Рум ва кишварҳои Балкану романизабони Аврупо роҳ ёфтааст. То садаи IV милодӣ дар Империяи Рум ва баъзе мамлакатҳои аврупоӣ дини меҳрпарастӣ ҷорӣ будааст ва пасон масеҳият ҷойи меҳрпарастиро ишғол кардааст. Дар ин мамолик рӯзи 25-уми декабрро ҳамчун зодрӯзи Митра ҷашн мегирифтанд, шамъафрӯзӣ мекарданд ва шабнишиниҳо барпо менамуданд. Чун масеҳият ҷойгузини меҳрпарастӣ дар империяи Рум гашт, мардум шабнишинии зодрӯзи Меҳрро идома медоданд. Аз ин сабаб рӯҳониёни масеҳиро маъмур карданд, ки рӯзи таваллуди Исоро 25-уми декабр эълон кунанд ва таҷлил намоянд (То он замон зодрӯзи Исои Масеҳ 6-уми январ таҷлил мешуд).

Ҳамин тавр, Шаби Ялдо дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷашни Кристмас (Рождество – Милод) ё худ зодрӯзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то имрӯз идома дорад.

Дар кишварҳои масеҳикеши Аврупо дар шаби ҷашни Милод ҳоло ҳам шамъ рӯшан мекунанд ва он се ҳафта фурӯзон мемонад. Шамъгузорӣ ёде аз эзади фурӯғу рӯшноӣ Меҳр (Митра) мебошад. Яъне идома ва унсурҳои ойини бостонии ниёгони мо – меҳрпарастӣ ҳоло ҳам дар фарҳанги халқҳои гуногуни ҷаҳон ба назар мерасанд.

Аз ашъори бузургон

вироиш
 

Нури рояш тирашабро рӯзи нуронӣ кунад,

Дуди хашмаш рӯзи равшанро шаби Ялдо кунад.
Манучеҳрӣ
 
 

Қандил фурӯзӣ ба шаби Қадр ба масҷид,

Масҷид шуда чун рӯзу дилат чун шаби Ялдо.
 
 

Карда хуршеди субҳи мулки ту

Рӯзи ҳама душманон шаби Ялдо.
Масъуди Саъд
 
 

Шоҳе, ки ҳавлу кинаи ӯ бар адуи мулк

Тобанда рӯзро шаби Ялдо кунад ҳаме.
Масъуди Саъд
 
 

Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,

Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби Ялдо бинанд.
Хоқонӣ
 
 

Ҳаст чун субҳ ошкоро, к-ин сабӯҳе чандро

Бими рӯзи растахез аст аз шаби Ялдои ман.
Хоқонӣ
 
 

«Ва дар шабҳои Ялдои зулм, ки офтоби мулки ман ба

мағриби завол уфул намояд, чароғи фароғ чӣ гуна афрӯзанд?»
«Синдбоднома»
 
 

Рӯзи рӯяш чу барандохт ниқоби шаби зулф,

Гуфтӣ аз рӯзи қиёмат шаби Ялдо бархост.
 


 

Назар ба рӯйи ту ҳар бомдод Наврӯзест,

Шаби фироқи ту ҳар шаб, ки ҳаст, Ялдоест.
 
 

Суҳбати ҳукком зулмати шаби Ялдост,

Нур зи хуршед ҷӯй, бу, ки барояд.
 


 

Бедор шав, ки дар шаби Ялдои нестӣ

Дар парда аст чашми туро турфа хобҳо.
Соиб
 


 

Рӯз паҳлуи шаби Ялдо занад,

Хешро имрӯз бар фардо занад.
 
 

Ашки худ бар хеш мерезам чу шамъ,

Бо шаби Ялдо даровезам чу шамъ.
 


 

Чашми ҷонро сурмааш аъмо кунад,

Рӯзи равшанро шаби Ялдо кунад.
 


 

Ман дар дилам ҳазор шаби қутбист,

Ҳамраҳ ҳазорҳо шаби Ялдоро.
Ахавони Солис
 


Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Баҳор М. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва пораи дуввум). Теҳрон, 1381 ш.;
  • Разӣ Ҳ. Ойини Меҳр: Пажӯҳишҳое дар таърихи ойини розомези митроӣ дар Шарқу Ғарб. Ҷ. 1. Теҳрон: 1381 ш.;
  • Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон. Д., 2011.        Д. Раҳимов.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш
  • Донишномаи Фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2 (Н-Я). Д., 2015. МД СИЭМТ.