Эрон (форсӣ: ایران ) — кишвари форсӣ-забон, ки дар ҷанубу ғарбии Осиё, дар минтақаи Ховари Миёна қарор дорад.
Номи расмии он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пойтахташ Теҳрон аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст ва бар пояи саршумории соли 2010 дар ин кишвар 80 208 000 тан бошанда буда ва ҳарсола наздик ба 1 млн тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.
Эрон дар шимол бо Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон, дар шарқ бо Афғонистону Покистон ва дар ғарб бо Туркия ва Ироқ марзи заминӣ дорад. Ҳамчунин дар шимол дар Дарёи Хазар ва дар ҷануб дар Халиҷи Форс ва Дарёи Уммон марзи дарёӣ дорад. Ин се дарё аз муҳимтарин манотиқи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон ҳастанд.
|