Шавкати Бухороӣ
Шавкати Бухороӣ (форсӣ: محمد بن اسحاق بخارایی; ?, Бухоро — 1695, Исфаҳон) — шоири форс-тоҷик, яке аз намояндагони барҷастаи сабки ҳиндӣ.
форсӣ: شوکت بخارایی | |
Тахаллусҳо: | Shaukat |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1695 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишПадараш сарроф буд. Баъди таҳсил дар Бухоро пешаи падарро давом дода, ба шоири низ ном баровард. Баъдтар ба Эрон, Ҳиндустон сафар кард. Шавкати Бухороӣ шоири соҳибдевон аст. Асосан шоири ғазалсаро буда, дар қасида ва қитъаю рубоӣ низ дасти қавӣ дошт. Дар ашъораш носозиҳои замон, макру тазвири аҳли дин, ҳасудию нотавонбинӣ, бефаҳмию ҷоҳилии ҳукуматдорон, беадолатиҳои замона мазаммат гардида, сабру қаноат, саховат, ахлоқи ҳамида, дӯстию рафоқат, беозорӣ, ишқу ошиқӣ ва хушиҳои зиндагӣ тараннум шудаанд. Намунае аз ғазалиёти ӯ:
Ҷудо аз ошёни худ зи бас ошуфтааҳволам,
Нагардад дом дам шерозаи маҷмӯаи болам.
Ба каф сарриштаи ғурбат, ба дил ёди ватан дорам,
Бувад ҳамчун гуҳар чашме ба рӯ, чашме ба дунболам.
Чӣ суд аз бахти сабзам, чун надорад толеам авҷе
Замингир аст ҳамчун сабзаи хобида иқболам.
Надорад шоҳиди саргаштагӣ машшотаро ҳоҷат.
Чу паргор аст аз хамёзаҳои пои халхолам.
Нусхаҳои гуногуни девонаш дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ ҶШС Тоҷикистон маҳфузанд.
Осор
вироиш- Ашъори мунтахаб. Д, 1963;
- Нури аср [Аз ғазалиёт], Д., 1986.
Сарчашма
вироиш- Шавкати Бухороӣ / М. Аҳмадов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).