Шавкурук
Шавкурук, курособ, чашмбандак, рубаҳгурез
Дар вақти ҳавои сард бачаҳои деҳот дар оғилҳои кушод, ки нимторик буд, ҷамъ шуда, бозии шавкурукро ташкил мекарданд. Яке аз бозигаронро интихоб карда, чашмонашро бо рӯймолча мебастанд. Вай бояд ягон бозигари дигарро дар торикӣ дошта, сару рӯяшро даст-даст карда, кӣ будани ӯро бояд меёфт. Агар ӯ дуруст меёфт, чашмони ӯро кушода, чашмони бачаи дастгиршударо мебастанд. Ҳамин тавр бозӣ давом мекард. Дар Кӯлоб, Рашт, Тоҷикобод, водии Ҳисор, Бадахшон нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976. 2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016. 205
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 205